Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

—Дар ҷардани каҷат бимирам. Охирин бисоти хонаро фурӯхта, табобат мекунемат.

— Ягон бор дуои бадам карда будӣ?

— Не, мумкин мову падарат хатокорем.

— Пеши Худо чӣ гуноҳ карда бошам?

— Тақдирро тадбир нест, ҷони оча.

— Кай ба Маскав мебарандам?

— Аспа фурӯшем, баъд.

— Метарсам, ки хобу хоб яке девона нашавам?..

«Худоро шукр» бигӯ, нафас мекашӣ, дунёро мебинӣ.

Фурсате фаро расида, ки ҷавон дар хона, пеши аҳли байташон мехобад. Аз ин ҳам албатта, розӣ нест, зеро пои равон надорад. Хоб аз дидагонаш гурехтааст. Додаракаш Давлатдоруи ноёби ӯст. Аз паҳлӯи каташ лаҳзае дурӣ намегузинад. Рӯи оварданаш чӣ шартҳое монда буд. Чорчалаҳои ба сари фарзанд пошидан модарро бошад, аз замин чида-чида худаш нахӯрд, ба ошноҳо дод. Аз пазмотиву шавки дидор ширин-ширин байт мехонд.

Ахири тирамоҳ буд, ки шабе дарвозаи оҳанини амаки Маҳмадуллоро махин-махин кӯфтанд. Худаш берун омад ва аз рӯи одат пурсид:

— Дар нисфишабӣ кӣӣ?

— Дарро бикшой. Хешу таборем, ака.

— Садкаи овозтон, марҳамат.

Ва соҳибхона чароғи долонро гиронда, дар партави рӯшанӣ якеро шинохту дуюмиро не.

— Ҳа, бача, Абдуламин, ба торикӣ омадӣ?

— Ёдат карда хабаргирӣ омадем. Бемор дар куҷост?

— Ба ҳуҷраи калон гузаред.

Меҳмонон паҳлӯи кати бемор омада, вохӯрданду сонӣ болои кӯрпачаҳои нав нишастанд. Марди шиноси миёнсол пешакӣ таъкид намуд, ки хӯрданивӣ наоранд, ташвиш накашанд. Сӯҳбат оҳиста-оҳиста сари мавзӯъ гиреҳ хӯрд. Ҳамроҳи мардак — Ҷӯрахон, аз деҳаи ҳамсоя, порина ба ҳамин аҳвол гирифтор, чӣ муолиҷаи халқӣ намуд, ки ба ҳолати пешин баргашт. Ӯ ҳам аз садама осеби сутунмӯҳра дида буд. Холиё бошад, ҳарду ба нишони кӯмаку дастгирӣ нимашабӣ хеста омадаанд. Мӯҳтавои сӯҳбат чунон шуд, ки беморро зӯр биояд ҳам, аз нав ҷарроҳии сутунмӯҳра бигзаронанд.

пешина
аз 314
навбатӣ