Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
Оҳ, агар ду чашми бино медоштӣ, оламам месӯзондӣ ту. Мурдаро монда тӯйхӯрӣ дорӣ-а?
То ба ин лаҳза кампир гӯё зинда буд. Ҳайфо, захми забони пайвандаш пеши назари ёрӯ шиносон ӯро батамом кушт. Лол монданд ҳамагон. Бинои эҳтирому иҷтимоми инсони бузург, шикастани он ҳеҷ буда. Сони сафед сари кифти Маҳмуд ба ранги асл не, сиёҳ метобид, сиёҳӣ, сиёҳ! Сони сафед сиёҳ шуд, сиёҳ гашта сони сафед, сони сафед, сони сафед...
Дар самои خیالی ҳамсояҳо пиразани Холмоҳ сари гӯре нишаста, аз носипосии пайвандаш ҷонгудоз мегиряд. Аз нолаву фиғони ӯ хуфтагон бедор, зиндаҳо беқарор мешаванд. Чӣ фарёди дардолудае. Нолаи кампираки аламзада ҳамвора шӯр меангезаду бо фиғони боди дайду омезиш ёфта, хасу хор, янтоқу явшон, панҷаҳои ҳасрат ва шохҳои оҳудори болои гӯристонро лесида, дар шохаҳои садаҳову баргҳои дарахтони саргаҳи деҳ мепеҷад. Маҳмуди пакана ҳамоно бепарво, фуқаш чух, ғарқаи дунёи пурсавдои хеш тӯпи сон сари кифт бошитоб раҳ мепаймояд. Ва рафта-рафта аз чашмҳо ғоиб мешавад. Сони сиёҳ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё