Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Дастони қадрдонҳо хато хӯрд. Ва буду набуди пиразани Холмоҳро ба дафтари аъмолаш нигошта — варақаи сабти форсиеро зери сараш монда — ба хокдонаш бигузоштанд. Ҳар он хориву зориҳои кашида, савобу вуболи аз дасташ бигзашта, некиву норасоиҳои ба ҳукми адолат сипарда, розҳову рӯзҳову созҳову сӯзҳояшро ба олами абад бурд. Вой дареги одамизод! «Чӣ сад сол умр бибинӣ ва чӣ ҳазор сол, ҳарду якест. Ҳамчуноне момои Холмоҳ чанд рӯзаке ба тамошои дунёи серғавғо омаду рафт. О-о, Маҳмуди дӯзахӣ наомад, ки лоақал майда ба лаҳад бигзора-е...», — чанги либосҳошонро афшонда, мегуфтанд пирамардони солхӯрда. Азбаски аспону харони мардуми ҷанозагар дар наздики кулбаи пиразани раҳматӣ қарор дошт, ҳамон сӯ қадам заданд.
Ин дам аз куҷое, саҳехаш аз самти бошишгоҳ Маҳмуд меомад. Овози нофорами ӯ дар саҳни ҳавлӣ Соҳиби малӯлро аз роҳ боздошт:
— Соҳиб, о усто! — дар бехи гӯши писархонди кампир пичиррос зада, сипоҳона афзуд: — Гӯш кун, барои замонаи дунё мол овардам. Мардум дид, бас...
— Худамон зикем, чӣ мехоҳӣ?
— Ҳамун боқимондаи тӯпи сон зард шуда меравад.
Исроф чӣ лозим? Мебарамаш.
Амаки Соҳиб на пеш рафту на қафо. Мегуфтӣ ӯро сими барқ ларзонда. Кӣ ёд медиҳад: одаме ба сари моли болои маит овардааш суроғ омада бошад? Боз кӣ?
Пайванди ягонаи пиразани Холмоҳ! Аз чунин бародариву хоҳарин бешафқат дилаш аз дунё хунук шуд. Дарҳол сӯи хона шитофта, сонитар тӯпи сон пеши бағал, рӯбарӯи Маҳмуд истода гуфт:
— Ана, марҳамат, бигир! Риштаашро сарф накардаем, — баланд гуфт, ки ҳама бишнавад. — Кампир дар зиндагӣ ва ҳатто баъди маргаш мӯҳтоҷи ту набуд.
Нокас! Нашнохтӣ қадри ӯро! Мо худамон иззати раҳматиро ба ҷо меорем. Эҳ, туро Худо дониста кӯр кардааст.

пешина
аз 139
навбатӣ