Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

навохт. Барояш аз чӯби беди тар гаҳвораи ноз сохтанд. Табиат ба фиғон пардохта. Шамоли дайдуе хасу хасрӯбаҳоро ба фазо бардошта, гулу гулрезаҳои хушкро чапу рост бозӣ доқонда, пешорӯ мешапид. Майдаборони гарм бо қатраҳои марворидгунаш «гаҳвора»-и навтарошро мешуст. Бархи занҳо азизони моҳу ҳафта ва солҳо ба хок супурдаи хеш пеши назар, пураламтар ашки андӯҳу ҷудоӣ мерехтанд. Маҳмуд дар гӯшае, ба коре даст назада, болои гирдсанге меништ. Нишасти зоғона! Дар хона холаи Мастура бо кӯмаки ду-се тан ҷисми пиразани покдилу покнияту, покдоману покиза сирату покназарро ба оби ширгарм шуставу покида, дар соне печонида, пасон ба гаҳвораи ноз хобонида, аз болояш маҳмали осмониранже кашиданд.

Қадрдонҳо ба ёди инсони шариф хун мегиристанд.
Шитоби офтоб мардумро ба ҷунбиш меорад. Ба тахмини мӯйсафедон «соат»-и бурҷи осмонӣ дар нишеби се-сею ними рӯз расида. Ва таи садои чандқаратаи «Салоти ҷанозаи мӯъмин дарёб!»-и мулло Ҳомид тобутро ба ҷанозагоҳ бурданд. Гиряву нола, оҳу фиғони занон пас монд. Кулли мардони хубрӯй ҷониби офтобшин ду ракъат намоз гузорида, тобути Холмоҳ дастобадасти ҷавонмардҳо, аз деҳа баромаданд. Шитоб доштанд, тобуткашҳо. Писари ягонаи пиразан бар-бари онон мерафт. Тӯда аз ӯ мегузашт, ба пуштаи камари кӯҳ наздик мерасид. Тобуткашҳо назди гӯри навкандае қарор гирифтанд...

Лаҳзаи азодорӣ. Гарон аст ин лаҳза, басо гарон.
Марди пири хушсаводе аз ҳозирин пурсид, ки майтро ба лаҳад кӣ мегузорад? Ба Азиз рухсати гӯрдарой нашуд. «Холӣ вай ҷавон, вахмиданаш мумкин», — гуфтанд.
Ин тарафу он тараф Маҳмудро ҷустанд, вале кайҳо ғайб зада буд. Ниҳояти кор, писархонди кампир — акаи Соҳиб даруни гӯр шуд ва фармуд тобутро биёранд. Баробари поинфурории тобут майит оҳиста-оҳиста болои

пешина
аз 139
навбатӣ