Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

БОЗГАШТИ АСПИ ДАҲМАРДА

Пора-пора абрҳои сафед чун селай кабӯтар дар уфуқи дур бол мезаданд. Майсаи навхез ба тани замин ҷомаи зарбофт пӯшонда буд. Рамаи Мирзораҳим рӯи дашти Гулдара чаро дошт. Вале хиёли аспи ӯро на сабзии дашту ҳомун, балки чизи дигаре рабуда. Ҷуфтак мезаду ёлафшон шиҳа мекашид Мушк.

Асп дар миёнаи дашти хошӯш беқарор давр гашта, нақши пои соҳиби ба ҷон азизашро аз рӯи гулу гиёҳ ва майсаҳои навруста меҷуст. Ёлҳои тиллорангашро насимаке шона мезад. Даҳонаро зери дандонҳош ғиҷиррос занонда, даҳонаш кафк мекард, гоҳе чароғпоя шуда, шиҳаи бадард мекашид ҷонвар. Офтоб ба қиём мерасид, аз даҳмарда ҳанӯз дараке набуд. Хомӯшии ҳавлангез ба дили асп асар кард. Пазмонӣ ба ҳайвон ҳам мушкил будааст, ки фосилае баъд ба пойкӯбӣ даромад. Баҳарос худро ба ҳар сӯ зада, раҳи гурез мекофт, аммо аз тавила базудӣ озод шуда наметавонист. Вазнашро ба қафо андохту наъра кашид, банд таранг гашт, ногаҳ... фуки кафколуди ҷонвар аз нӯхта раҳо хӯрд. Асп гӯё болу пар баровард. Бадан афшонду шиҳаи дардолуде кашида, ҷониби таҳдашт чорхез гирифт. Гӯсфандон аз садои нобаҳангом рамиданд. Ёлҳои тиллоранги асп дар панҷаи бод бозӣ мекард, сумаш ба думаш немерасид.

Раҳгузарони девдорӣ бо дидани аспи пуштлучи бесавор ҳайрон шуданд. Воқеан, дар деҳа чанд нафаре ки аспдор буданд, субҳи солеҳон пайи кори худ рафта, шомгоҳ бармегаштанд. Амаки Мирзораҳим аз ин зумра истисно буд, зеро моҳдармиён — ҳамон ҳам бо зарурате — аз чарогоҳ меомад ё не. Аз ин рӯ аспи бесоҳиб дар дили мардум оташаки таҳлука барангехт. Сари ҳами роҳи калон аспро дида кӯдакон ҳай шод гаштанд. Дар як нафас назди хонаи даҳмарда пури одам шуд.

пешина
аз 139
навбатӣ