Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
худораҳматиро ба дастгоҳ месупорем, иззати баъдимаргиша баобрӯй гузарон. Хуб?
Ба андоми Маҳмуд рашъа давид аз ҳарос. Маъракаороӣ осон нест. Хароҷоташро намегӯй. Пасандози ночизро ба дасташ бидиҳанд, маҷбур аст, ки як сари сол давутоз карда бигардад. Чӣ фоида мегирад аз ин? Даробурои ҳамсояҳо риштаи хиёли мулло Ҳомидро бипсаст. Ҷони Маҳмуд ҳай дамид, гурез ҷӯст. Ин ҳолати басо нозуку яъсоварро аксарият диданд. Якчашма хешро миёни анбӯҳи одамон бизад.
Марди пир бо навомадагон як-як вохӯрда, паҳлӯ гашт, ки Маҳмуд нест. Ба осмон рафт ё ба замин? Овоза бидиҳадаш? На, дар мотамкада баланд намегӯянд. Ӯ сарварии ҳама тӯю мотамҳоро бар дӯш дорад, вале ин сон рӯбоҳбозиро акнун мебинад. О, ноқисулақл муллои деҳаро дар бузакбозӣ андохт-е. Бериё!
— Маҳмуд, бо ту маслиҳат карданиям».
«— Дар чӣ бора?»
«— Аз хусуси раҳматии Холмоҳ».
«— Мурдаҳоро ҳам рӯз намедиҳӣ, мулло? Хӯш, гап зан!»
«— Иззати хоҳарта худат ба ҷо меорӣ ё ...?»
«— Мулло! Ту ба ҳар ош бакавул нашав. Ӯ бача дорад».
« — Медонам, як одами намозхон, ки гап зад, гӯш кун. Бачааш ҳоло хом ...»
«—Э-э, намозхонии туву бенамозии мо бадбаробар. Тақсими мола дар ҷанозаҳо ту манъ кардай, ту!».
«— Нағз кардам. Шариати мусулмониву «Қуръон»-и шариф қувват бар тавоноӣ фармуда».
«— Шон, китобхон! Дигарон осию нодон, ҳамин хел?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё