Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

АдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

чеҳраашро дар ёд бигирад. Натавонист. Чашмони пиразан гӯё пӯшида не, во буданд. «Акаи ҷон, чӣ мешуд хушу хуррам мезистем. Албатта, фикр кардӣ, ки якумр ба гарданат товон мешавам. Кӣ медонад, агар дар бемориям омада, сари болинам мешиштиву Самеҳр дилбардорӣ мекардӣ, эҳтимол ду-се солаки дигар зинда мемондам. Ормонӣ рафтам аз ин дунё, осудае надида.

Ба чашмонам созтар нигоҳ бикун. Шарм медорӣ? Дидӣ, мурдаам бесоҳиб намонд. Раҳмат, ба одамҳо! Ҳар кас аз нияташ меёбад. Ба ҳамаи инҳо каму беш некиам расида... Хайр, биҳилам бикун, то дар гӯр осуда бихобам ...»

Дар берун болои суфаи таи шоҳтут, рӯи сангҳову чордевори кӯҳна, лаби ҷӯйбору паси бом пиру ҷавон сархам нишаста, ба танҳоии кампир ашк мерехтанд. «Бисёр нагириен, роҳи раҳмати лой мешава...», — луқма мепартофт холаи Зарнигор, ки сарпарасти маъракаи занҳо буд. Дар дилҳо зиндаву бо аҳли покназар гуфтугӯ дошт сурати зебои ӯ. Ҷовидона умр дид! Сӯҳбаташ гуворо буд, чун бӯи нони гарм. Солору андешаманд, олуфтаву озода, маҳинак-маҳинак раҳ мерафт, ҳамранги товусаки хушхироме. Ва... «товусаки сафед» сувори маркаби чӯбин ба дунёи абадият рахти сафар барбаста.

Маҳмуд ҳоли зоре дошт. Ҷозибаи ашки занон ӯро аз дар баровард. Бо кӣ ҳамсӯҳбат бишавад? Ҷамоа гӯё аз кирдори бади вай ҳарф мезад, замин яксара қаламхор бирӯида, ҳар тарафе мегашт, ба танаш мехалид. Пакар буд ва дар гӯшаи камодами поини суфа попарҳам истод. На аз боби зиндаҳо мепурсид, на аз мурдаҳо. Кундаи таппа-таёр. Чашмаш сӯйи даричаи боз буд: кӣ чӣ меорад? Овози шиносе нарм-нармак ба гӯшаш бирасид:

— Саймаҳмуд, миёна маҳкам бибанд! Нафақаи ғункардаи

пешина
аз 139
навбатӣ