Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ОҲАНГИ ҲАЙРБОД
Ба ёди Карими Шуш

Суворони зину абзори аспҳошон ҷангӣ ва чашмҳошон хунбор аз нишебӣ чанг хезонда, ба кӯҳпоя чилав гардониданд. Нав хабар ёфта буданд, ки аз пушти ҳофизе ба зафар комгор нашудаву корашон пай задааст. Баробари аспҳои арақшор месӯхтанд, ки бахташон баргаштааст. Чор деҳа аз мухолифин пур, боз ба босмачигаришон тафохур доранд. «Ин ҳофиз балои ҷони мо шуд-ку. Ба оҳангаш хонахез аъзо шуданд-е. Думбраша шикаста тайи дандонош монда, пешопеши аспҳо сагдав мебаремаш...», — мегуфт пешрави аспакиҳо.

Қӯҳу камар аз чоргома тохтани аспҳо мегурумбид. Фузайл, ки дар ин роҳ ҷонбоз буд, болои пушта расидан замоно даст бардошт, ки ба худ оянд. Ҳофизро чоштгоҳӣ бе дӯғу пӯписа, даст баста асир мебаранд ва аз ҷониби саркарда нақдина хоҳанд ситонд. Охир, барои сари ҳофиз ӯ як мушт зар ҳадя карданист. Вай неруйи бузургест дар ин қаламрав. То ба абадият пайвастанаш, рахт барбастанаш дар талошанд.

— Шабехун мезанем ё не?! — рӯ овард Фузайл ба суворон.

— Ҳо!

— Бегуфтугӯ!

— Мон, бидонанд, ки мо кистем!

— То сесолаша сар меканем, чол! Аспу қамчину тиру туфанга Худо додааст!

— Сари ин кор гарангам. Одамкушӣ, молкушӣ набудагист...

— Касе намекушаду ғорат намекунад, занаш талоқ!

— Даҳанялаҳо! — тозиёенаашро бозӣ донд саркардаи суворон. — Зӯроварони одамкуш! Шумоҳоро ба ихтиёри худ монанд... Ай хуни одами серӣ надоред?! Дил, виҷдон, имон, зану фарзанд-чӣ?!

пешина
аз 139
навбатӣ