Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

нишони мусибат мебурд. Шиносон омаданд. Хуб, ки дараш кушода буд, набошад марги ӯ ба ёди касе намезад.

Ҳеҷ кӣ аз сандуқи момои Гулӣ пасандозе наёфт.
Ҳамсояҳо маблағ ҷамъ оварда, кафанаш харидаву тобуташ сохтанд. На духтар доштаву на писар ва на шавҳари барҳаёт, ки бароиш ғам бихӯранд, бигирянд. Ҷойи он ҳама азизонашро Шарики вафодор иваз кард. Саг дар пуштаҳои тобути кампир фӯкашро мемолиду ашк мерехт.

Саги пир пешопеши тобути кампир мерафт. Ва охирин баргашт аз мазори соҳибаш. Дари хона баста буд.
Беқарор бозгашт кард ҷониби мазори беодам. Шабро дар манзили ахирати Гулӣ ба рӯз расонид. Бонигари мазор шаби дуюм сарго аз гӯристон ронд. Шарики зиндагии пиразан дар бозгашт сагона бигрист ва аз бинои ошно бадар шуд. Рафт аз дарғаҳи азизаш ҷовидона. Ва ахирин маротиба ба айвоне, ки умраш бо пиразани меҳрубон гузашта буд, нигоҳ давонд. Оби чашмони чӯкида аз ҳасрату андӯҳ мешорид.

Шаҳр мегӯй дар гиряи саги пир ғарқ шуда.
Ин ҳама рафтори саги бовафо оҳанги видоъ буд.

пешина
аз 139
навбатӣ