Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
кабоб медошт. Эҳтимол аз чашмони хунбори хонавода фаҳмида буд, ки дигар хомӯш мегирист.
Ва, рӯзе бӯкашон ба сари манзили соҳибаш, ки дар ҷойи садама гӯронда будандаш, даррасид. Ҳароина заминро бӯ мекашиду аз гӯшаҳои чашмонаш ашк метаровид. Мардуми раҳгузару аз қисса бохабар ба вафодории саг тан доданд. Ҳаминро дарк карданд, ки садоқати ҳайвон гоҳо аз муҳаббати инсон боло меояд.
Саги Малла ҳар баҳор ба сари мазори соҳибаш меомаду мерафт. Дар хона бе пуштибони ҳамешагӣ зистан барои АШ мушкил афтода буд. Инро ба забони безабонӣ танҳо дар бӯ кашидани хоки сари гӯр медиду халос. Вале ин омаду рафтҳо дер напойид. Шояд, ҷисми абгори саг аз ғаму ғусса ва танҳоиҳо сӯхонхӯр оқибат тоб нааварду дар пойини гӯри соҳибакаш ҷон дод.
Раҳгузарон ҷисми сарду беҷони Малла — модари ҳамин Шарикро дар подомани яккамазор ёфтанду онсӯтар канора аз ҳандақе ба хок супориданд.
Саг чироғи хонаи шиносро фурӯзон дид. Аккос назад. Тарсуёна пушти дарро харош-харош кард. Дар гумони Гулӣ кадом ҳамсояи ӯст. Ба Худо аввал сагашро нашинохт. Аз ларзи пайкараш нороҳат буд. Шарики кампир лӯкашро ба рӯи зонувони ӯ монд. Пиразанро гӯё ду зону шикаста буд. Сагро бағал гирифта, хеле бӯ кашид ва баазобе болои диван ғелид. Шарик рӯпӯши соҳибашро мекашид. Гулӣ ҳар замон ранг бохта, табаш боло мехест, бехудона чизҳое мегуфт. Тавони то назди тилфун рафтан надошт. Ҳайвон чизеро фаҳмида, сими дарозро зери дандонҳош гирифт. Кампир аранге тавонист, ки рақам бичинад. Табибон ку расиданд, вале Гулӣ аз гуфтор монда буд. Пиразани яккаву танҳо ним соат пас ҷон дод.
Шарик соҳибакашро як бӯ кашиду сӯи табибон ҷаккид. Сафедпӯшон дари муқобилро кӯфтандӯ гуфтанд, ки ҳамсоя фавтидааст. Саг болову пойин давида,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё