Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Кору Мафтун, Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ, Шералию Чобирбек, Ҷумъахони Зуҳур пешкорони меҳнати сохтмон мебошанд. Нависанда дар образнигорӣ қобил буда, образҳошонро дар душвортарин лаҳзаҳо бо азамати ҷисмонию маънавӣ намунаи ибрати ҳамагон нишон дода, тамоми дигар сифатҳои хубу шоистаашонро ҳам кушода додан мегирад.
Образи дигари фаъол Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ аст, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон сардори сохтмони нақби Анзоб таъйин шуда ба Тоҷикистон омад ва аз аввал то охири кор ҳамчун мудири ин сохтмон бо шуҷоату кордонӣ хизмат кард. Образи ин шахс аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар мушкилтарин давраҳо: зуд-зуд баромадани фаввораи об, сангу хокрезиҳо ё ҳангоми фурӯ рафтани сақфи нақб ҳатталимкон бо саркорон чораҳо ҷуста, роҳи ҳалли муаммоҳоро меёфт. Як кори бисёр муҳими таҳқиқӣ ҳамин шуд, ки пеши роҳи резишҳои хоку санглоҳро гирифт, бист метри фурӯрафтаро бо бетон пур карда, аз даруни бетон нақб канд, ҳамеша аз вазъи кор хабар гирифта, бо коргарон дӯш ба дӯш хизмат намуд. Сари вақт пеш аз зимистон дар нақб семент захира кард, комбайни абарқудрати нақбкании «Ҷомбу»-ро бо ронандаҳо ва ҳамкорон якҷоя аз гарданаи серборишу пурхавфу хатари Зимарг ва ағбаи Анзоб гузаронида, то даҳанаи қисми ҷануб аз болои роҳҳои лағжонаки душворгузар овард. «Ҳеҷ кас бовар намекард, ки чунин мошини азимҷуссаро аз гарданаи сербарф ва ниҳоят пурхавфи Анзоб интиқол додан имконпазир бошад» (с. 239). Овардани «Ҷомбу» як моҷарои бузурги даҳшатовар буд, ки ҳар замон касро бо марг рӯбарӯ менамуд, нуктаи баланду пурмоҷарои кори сохтмон шуд, ки метавонист боз васеътар таҳқиқ шавад.
Ҳароина, хонанда дар овардани мошини нақбкании «Ҷомбу» аз самти шимол ба самти ҷануб бо воситаи гарданаи Шодмондара ҳам яке аз саҳифаҳои қаҳрамонии Мафтун ва дӯсти ӯ Шералиро мефаҳмад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё