Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Анзоб ҳамроҳи Ҷобирбек чанд нафар нақбканонро аз садама наҷот дода, худашон зери тарма монда маъюб шуданд. Дар охирин лаҳзаҳо мебинем, ки вай дар қатори раҳбарону пешкорони кори нақб савори аробача бо ифтихор дар кушодани дарвозаи нақби Анзоб иштирок кард. Писараш Мамнун ҳам ба монеаҳои модараш Фароғат гӯш надода, ба назди Мафтун омад ва дар беморхона болои сари падар вақти ба ҳуш омаданаш қавл дод, ки кори боқимондаю анҷом надодаи падарро ба охир мерасонад. Зуҳали дӯстдоштааш ҳам вайро дар чунин аҳвол танҳо нагузошт, баръакс, дар душвортарин лаҳзаҳо ёри вафодору ғамхораш шуд. Китоб бо ҷумлаи зерин хотима ёфтааст: «Нақбканон бо Мафтун дудаста салом карда, ба назди ин зан саҷда меоварданд», зеро вай бо вуҷуди оиладор шудани Мафтун вайро то дерҳо интизор истод, танҳо нагузошт, ниҳоят ба имдодаш омад, бо ӯ ба висол расид.
Мамнун ҳанӯз хеле ҷавон бошад ҳам, аз суханонаш азму ғайрат ва иродаи боз бештаре намудор мегардад, дар нақлиёту роҳ аз падараш боз зиёдтар хизмат кардан мехоҳад. Ҳамин тавр, аз тартиби ҷараёни фикри нависанда маълум мешавад, ки Мамнун ҳам мисли падар иҷрокунандаи вазифаҳои масъули замон аст. Аз ин тасвирҳо чунин намоён мегардад, ки нависанда Бахтиёр Муртазо дар сурати ба масъалаҳои доғи рӯз дахл кардан, се насл, гузаштаи дурро низ мавриди андеша қарор медиҳад, риштаи мулоҳизаро аз дур сӯйи худ мекашад, нақби Анзоб асрори тасвир қарор гирад ҳам, муаллиф мисли устод Ф. Муҳаммадиев баъзан ба гузаштаю ҳозира сафар карда, ё аз дигар халқу миллат мисол оварда, ҳар масъаларо ба манфиати ҷумҳурии соҳибистиқлол ба таҳлилу тадқиқ кашида ҳал кардан мехоҳад. Ӯ дар тасвиру тақвияти сухани образҳо бештар кӯшиш намуда, фазилатҳои олии образҳоро нишон додан мехоҳад. Онҳоро дар хонадон, кори ҷомеа, дар ҳарбу зарб ҳамеша чеҳранамо, фаъол ва кордон тасвир менамояд. Азим-сар-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё