Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ГУЛНАЗАР,
Шоири халқии Тоҷикистон

САФИНАИ БАХТИЁР

Дар солҳои донишҷӯии мо рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» беҳтарин нашрияи ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт ва бо теъдоди зиёд аз чоп мебаромад.

Ман, ки он солҳо ҳамроҳи ҳамсабақи шоирам Сайӣдалӣ Маъмур дар рӯзномаи донишгоҳӣ - «Ба қуллаҳои дониш» кор мекардам ва барои ташаккули маҳорати рӯзноманигории хеш талош доштам, мақолаву лавҳаҳо, очерку фейлетонҳои «Комсомоли Тоҷикистон» бароям мактаби ҳақиқии таҷрибаандӯзӣ буд.

Дар омади гап бояд зикр кунам, ки баъди хатми Донишгоҳ маро ба бисёр нашрияҳо, ҳамчунин ба радиои Тоҷикистон ба кор даъват карданд. Аммо ман остонаи «Комсомоли Тоҷикистон»-ро «охурча» кардам, то маро ба кор қабул намоянд. Ва гумони ман ботил набаромад. Дар ин ҷо рӯзноманигорони навпардоз Нур Табар, Бахтиёр Муртазо, Мазҳабшо Муҳаббатшо, Ғанӣ Ҷӯразода, Саттор Мухтор, Турдиалӣ Бойбобо, Бобо Расулзода бо азму сайъи ҷавонона заҳмат мекашиданд. Чизе, ки дар ин коргоҳи эҷодӣ маро хушоянд буд, он буд, ки ҳар кас дар услуб, дар интихоби мавзӯъ, дар тарзи нигориш озодии мутлақ дошт. Қолабгиройӣ, риояи қоидаву талаботи оҳании сиёсати замон дар ин ҷо ба эҷодкор сахт фишор намеовард. Ин ҷо зарбулмасали «Аз хурдон лағжиш аз бузургон бахшиш» то андозае муроот мешуд, яъне ҷавонию ҷавонигариҳои муаллифони «қолабшикан»-ро гоҳо мебахшиданд.

Ман ба «Комсомоли Тоҷикистон» тирамоҳи соли 1966
ба кор омадам, аммо баъди ду моҳ ба хизмати ҳарбӣ раф-

пешина
аз 263
навбатӣ