Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
омӯхтааст.
Ҳар кадом ҷилди «Хӯшаҳо аз киштаҳо»-и нависанда Бахтиёр Муртазо бо қиссаи мустанад ба анҷом расида, ҳусни мактаъи китоб гардидааст.
Қиссаи мустанади ҷилди аввал, «Чашмаи офтоб» номида мешавад, ки ба корнамоии заминкушоёни Бешканд бахшида шудааст.
Нависандаи публитсист, устод Мутеулло Наҷмиддинов, ки дар вақташ ба китоби Бахтиёр Муртазо «Чашмаи офтоб» ба номи «Солномаи навзамини Бешканд» охирсухан навиштаву он дар ҷилди аввали «Хӯшаҳо аз киштаҳо» низ истифода шудааст, ба мавқеъ зикр кардааст, ки «Муаллиф дар арзи чанд сол бо заминкушоёни Бешканд мулоқот намуда, як силсила симоҳои деҳқонон, механизаторон, муҳандисон, коргарон, лоиҳакашон, роҳбарони муассисаҳоро офаридааст, ки дар водии Бешканд бо меҳнати қаҳрамонона машҳуранд... ва ин хотираест ба садоқат, фидокорӣ ва қаҳрамонии кошифони заминҳои нав» (1. 495, 497). Силсилаи نوشتهҳои [сарчашма бо ҳарфҳои форсӣ оварда шудааст, тағйир дода нашуд] публитсистии Бахтиёр Муртазо дар як мавзӯъ - ободгарии дашти Бешканд аз аввал то ба охир, таърихи дашти Бешканд, ки бо меҳнати ҳалоли одамоне, ки бо ному насабашон зикр гаштаанд, ба боғу бӯстон табдил ёфта, шукуфон шудааст, мебошад. Ин нақли қаҳрамонии инсони меҳнатдӯст аст, ки боғ сохт ва қиссаи богест, ки инсонро аз мӯҳточӣ наҷот дод. Ин афсона не, ривоят не, достони хаёлбофта бо ному насаби сохта не, ин орзуи омоли як эҷодкори некандеш дар бораи зиндагӣ не, балки ин таърихи меҳнати ҳалоли бобою бибӣ, падару модар ва хоҳару бародарони бузурги мо, ин нишони нони ҳалоли инсони меҳнаткаш аст. Дар ин силсила очеркҳо, мақолаҳо, мусоҳибаҳо, мухбирномаҳо, лавҳаҳо дар хусуси одамони гуногун ва ҳамандеш чунон гузошта шудаанд, ки онҳо таърихи мусалсали ҳадди ақал ҳаёти 70-80 соли охири мардуми як водиро бо таҳқиқи илмии таърихи водӣ дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё