Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Дигар водиҳои Бадахшон тамоқупарварӣ аз соҳаҳои аслӣ ва сердаромади минтақа аст. Аммо мутахассис кам, зеро дар мактабҳои олии Тоҷикистон чунин мутахассис тайёр намекунанд. «Шояд минбаъд дар донишгоҳ шуъбаи тамоқупарварӣ кушода шавад» (1.196).
Дар маҷмуаи мазкури нависанда Бахтиёр Муртазо ду фельетони вай «Наҳанги ҷумҳурӣ» ва «Наҳанги ҷумҳурӣ - 2» ҷой дода шудааст, ки дар аввалини онҳо амалу рафтори вазири ғаллаи ҳамон солҳо А. Абдуллоҷонов маҳкум ва хандида мешавад. Ин фельетон дар замони худ шӯру шаре ангехта буд, зеро вай аввалан дар хусуси вазир ва дуввум ниҳоят бо ҳунари хуби нигорандагӣ навишта шуда буд. Худи он ки А. Абдуллоҷонов ба наҳанг ташбеҳ мешуд, як ҳангомае месохт. Дар фельетонҳо ҳуҷҷатҳо, фармонҳо, ному макон ва замон дақиқ нишон дода, хислатҳои нопоки вазир — ошнобозӣ, ришватхӯрӣ, қаллобӣ фошу маҳкум карда мешавад. Фельетони дувум, ки баъди чанд соли аввал навишта шудааст, ҳаҷман калон буда, хиёнату ҷиноятҳои минбаъдаи А. Абдуллоҷоновро дар вазифаҳои баландтар низ дар бар мегирад. Азбаски мавзуи ин навиштаҳо ниҳоят ҷиддӣ буд, адиб аз истифодаи унсурҳои бадеикунандаи фельетон худдорӣ намуда, онро дар қолаби ҷиддӣ, вале бо усули ниҳоят муассиру боваркунанда анҷом додааст.
Дуҷилдаи нависандаи номвар Бахтиёр Муртазо далолат медиҳад, ки ҳаёти бунёдкоронаи халқи тоҷик, қаҳрамонии одамони касбҳои гуногун дар публицистика чун дар оинаи таърих инъикос ёфтаанд ва муаммою камбудиҳои зиндагӣ ва маҳкуми бадкориҳо низ аз назари публицист дур наафтодаанд. Нависанда Бахтиёр Муртазо як навъ таърихи замони худро навиштааст ва ба иштирокчиёни дигари он воқеаҳо ва рӯзгор бо мисолҳои мусбату манфии зиндагӣ дарси ибрат додааст. Насле, ки бо чунин асарҳои публицистии дар бораи наздикони худ, ҳамдиёрони хеш ва ҳамватанонаш ба камол расидааст, танҳо одаму одамгарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё