Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
бар мегирад. Дар ин аст, аҳамияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва бадеии ин асар. Ин силсила бозгӯи паҳнои қаҳрамонии бунёдкорони дашти Бешканд аст.
Хонандаи закитабъ дар қиссаи мустанади «Ман чароғ афрӯхтам» (ҷилди дуюми китоби «Хӯшаҳо аз киштаҳо») бо корномаи марди асили деҳоти тоҷик Раҳматулло ошно мегардад. Дар замони бозсозӣ ӯ дар минтақаи регзори соҳили Ому, дар он ҷое, ки рӯди Вахш бо рӯди Панҷ васл меёбад, чиҳил гектар заминро хусусӣ менамояд. Вай суханони киблагоҳи худро ба ёд меовард, ки доимо таъкид мекард: «Бачам, ганҷ дар замин аст, кӯшиш бикун, ки соҳиби як порча замин бишавӣ...» Падари Раҳматулло, ки умре деҳқони донапапош буд, қадри заминро хуб медонист...
Раҳматулло ният дошт, ки писарони худро низ ба кори деҳқонӣ ҷалб намояд.
Дар ин қисса нависандаи ҷӯянда паҳлуҳои гуногуни зиндагии қаҳрамонашро бо маҳорати хос тасвир намудааст, қадам ба қадам зиндагии меҳнатии вайро, хонадонашро нишон додааст, заҳматҳо, ҷаҳду талошҳояшро инъикос кардааст.
Раҳматулло ба ҳадафи аслии худ мерасад, бо фарзандон, хешу табор ва ёру дӯстон замини регзорро ба киштзор табдил медиҳад.
Лекин дере нагузашта дар диёри мо ҷангҳои бемаънии таҳмилӣ ба амал меоянд ва бар асари он аҳолии мамлакат ранҷу заҳматҳои гӯшношунидро аз сар мегузаронанд.
Колхозе, ки Раҳматулло дар он кор мекард, харобу вайрон мешавад, мардум парешону рӯ ба муҳоҷирати иҷборӣ мениҳанд. Ана, дар ҳамин вақт, имтиҳони шадиде пешорӯйи Раҳматулло меояд.
Собиқадорони меҳнат, деҳқонон ба ӯ муроҷиат менамоянд, ки ба колхоз, ба халқ роҳбарӣ кунад. Ба беваю бечораҳо, сагираҳо пораи ноне ёфта диҳад... Ин имтиҳони гароне буд бар дӯши Раҳматулло.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё