Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба 80-солагии рӯзноманигори чирадаст, тарҷумони
маъникушо ва нависандаи қаҳрамонсаро
устод Бахтиёр Муртазо

Зи мулки орифони куҳнабунёд,
Баромад маърифатпарвои навёд.
Қадамзан бо ду пои рӯзнома,
Савори хомаболи Рахшкома.
Сафар мекарду бораш хушхабар буд,
Барои раҳкушоӣ болу пар буд.
Кунун рӯ-рӯйи сатраш БАМ равон аст,
Ба Шарқи Дур мустаҳкам равон аст.
Зи Чингизу Стендал бозгӯӣ,
Зи Сурҳу аз Сиёҳҳо розҷӯӣ,
Сиёҳу Сурҳ чун омад ҳамангез,
Сапедангез шуд рӯҳи адабхез.
Гулу гулрез омад бо Паустов,
Табиатро ба ноз оварду дар тов,
Арақҳои ҷабини марди заҳмат,
Чаконд аз рӯйи хома сӯйи нусрат.
Суханзан тешааш бар кӯҳи хуфта,
Ба бедорӣ кашида рӯҳи хуфта.
Ба истиқбол шуд ҷонаш суроғӣ,
Аз ин сӯ то бад-он сӯ кафчароғӣ.
Ба ҳаштод омаду раҳ сӯйи сад зад,
Ба аспи умри сад хушрӯ лагад зад.
Чарогон бод роҳи ҷовидониш,
Чу Рогон нурпаймо зиндагониш.

ЗИЁ АБДУЛЛО,
шоир

пешина
аз 263
навбатӣ