Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Анушервон ва боғбони пир

23 май аз зодрӯзи собиқ сармуҳаррири рӯзномаҳои “Ҷавонони Тоҷикистон” ва “Минбари халқ”, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо 83 сол пур шуд. Ба ин муносибат Ҷамшеди Ромишгар як ҳикояти марғубу маъруфи Мавлоно Зайниддин Маҳмуди Восифиро, аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ба риштаи назм кашида, ба дӯсти азизаш - Бахтиёр Муртазо бахшидааст.

Шаҳаншоҳи Эрон Анушервон,
Суйи сайдгаҳ буд рӯзе равон.
Чу андар канори деҳе даррасид,
Яке пирмарди куҳанро бидид,
Ки дар боғи хуррам нишонад ниҳол.
Саломаш бидоду бипурсид ҳол.
Варо боғбон бас ниёиш гирифт,
Накуию адлаш ситоиш гирифт.
Шаҳаншоҳ пурсид аз барзгар:

  • Ниҳоли чияст ин, бигӯ, эй падар?
    Ба посух бигуфто варо боғбон:
  • Шаҳи нахлҳост ин - гирдакон.
    Бад-ӯ шоҳ гуфто:- Басе чормағз,
    Бувад мевааш судбахшеву нағз.
    Ба ҳосил вале ин ниҳоли мурод,
    Дарояд пас аз солиёни зиёд.
    Вафо умри ту менамояд магар,
    К-аз ин заҳмати худ бубинӣ самар?
    Бад-ӯ деҳқон гуфт, к-эй шаҳриёр,
    Бале, гирдакон оварад дер бор.
    Нишонам ман онро, ки бо ёди ман
    Хӯрад мевааш ҷумла авлоди ман.
пешина
аз 263
навбатӣ