Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Бигуфт аз зиёдии заҳмат чунон,
Ки роҳат тасаннои розаш шуда.
Ғурури сари аҳли меҳнат сутуд,
Ки суфти куҳистон фаразаш шуда.
Баландии рӯҳи сухан заҳмат аст,
Танини садои Ватан меҳнат аст.
Башавкат бувад марди ҳимматбаланд,
Шукӯҳи сухан низ дар ҳиммат аст.
Муҳаббат ба ҳар ҳарф ранг офарад,
Назокат суханро қашанг офарад.
Латофат диҳад тобиши ҳиссу бӯй,
Саодат хаёли сатанг офарад...
Суханро ҳунарманд бояд сиришт,
Ки ҳаст он барои ҳунар сарнавишт.
Аз он Муртазояш шавад Бахтиёр,
Зи улвии маънош рӯяд биҳишт...
АҲМАДҶОН РАҲМАТЗОД,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии
ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ
Барои 75-солагии мубораки устод Бахтиёр Муртазо
Аз Балхи куҳан дуо гирифтам,
Аз Носири дилсафо гирифтам:
Чун бо ту бувад биҳиштхӯй,
Дар дидаи мо биҳиштрӯй.
Бодат ба биҳишти зиндагонӣ,
Бо бӯйи биҳишт зинда монӣ.
ЗИЁ АБДУЛЛО,
шоир

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо