Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Бар танат ҷомаи бузургӣ бод,
Шодбошиву шодмонии мо.

Ошноёни ошхӯр дорӣ,
Ошкор аст меҳрубонии мо.

Бод аз бодаи муҳаббати ту,
Лаб ба лаб ҷоми дӯстгонии мо.

Ҷашни садсолагии худбинӣ,
Бахтиёри Қубодиёнии мо.
РАҲМАТ НАЗРӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии
ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ

Барои устод Бахтиёр Муртазо
Ба ҳар барги садбарг бояд навишт
Тилоии васфи сухангустаре,
Ҷилои тафаккур, сафои нигоҳ,
Шамими хаёлоти донишваре.

Ба ҳар як шукуфа ба килки шуо
Бибояд тулуи нигоҳаш нигошт,
Дурахшонд бояд дили шабнамаш,
Ҳуруфи зараш дар миёнаш бикошт.

Бибояд ба авсофи соҳибсухан
Зи нуру зи ранг анбареро сиришт,
Ба садбарги зарин варақ дар варақ
Сифоташ ба оҳанги зебо навишт.

пешина
аз 263
навбатӣ