Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
барорад. Мамнун «дада, дадаҷон, минбаъд ман ҳамеша бо шумо ҳастам, ҳамроҳатон дар нақб кор мекунам» гӯён ба назди болини падар омада бо рӯймолча ашкони дидаҳои падарашро пок мекунад. Мафтун дар ивази меҳрубонии писараш «илоҳӣ... барака... ёбӣ..., писари боаклам» гӯён овоз мебарорад [ниг.: 7, с. 393-394].
Бар асари зарбаи тарма сутунмуҳраи Мафтун сахт осеб дида, пойҳояш карахт ва беҳиссу ҳаракат гардида буданд. Табибон илоҷи корро дар ҷарроҳӣ мебинанд. Дар рӯзи ҷарроҳӣ дӯстону шогирдони Мафтун, аз ҷумла Шералӣ, Азиз, Карим, Маҳмуд, Ислом ва дигарон ба беморхона меоянд... Вале амалиёти ҷарроҳӣ ва табобати думоҳа натиҷа намедиҳаду ду пойи Мафтун беҳаракат мемонад. Ҳар бегоҳӣ Зуҳал бо ёрии Мамнун Мафтунро ба аробача савор карда, ба боғи назди беморхона ба ҳавохӯрӣ мебаровард... Мутаассифона, табибон аз илоҷи табобати дасти чапи Ҷобирбек, ки бар асари зарби санги тарма устухонаш реза-реза гардида буд, оҷиз мемонанд ва ӯ низ аз як даст маҳрум мегардад... [ниг.: 7, с. 394-395].
Соати 03-ю 30 дақиқаи субҳи 23-юми марти соли 2006 дар минтақаи 1 километру 890 метр самтҳои ҷануб ва шимоли нақби мошингузари Анзоб ба ҳам пайваст мегардад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мусоидати кишвари дӯсту ҳамзабони Эрон орзуи деринаи халқи тоҷик амалӣ мешавад. Ин рӯз дар таърихи навини тоҷик фаромӯшношуданӣ буд. Нақби Анзоб нахустин сохтмони муҳташами умумимиллӣ буд, ки маҳз дар замони истиқлолияти давлатӣ бунёд гардид ва имкон фароҳам овард, ки ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар минтақаҳои ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ дар чор фасли сол таъмин бошад [ниг.: 7, с. 395-396].
Чанде баъд бо иштироки роҳбарони ду кишвари дӯст — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё