Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
ба бунгоҳи тиббӣ оварда, ба ҷисмашон сӯзандору мегузаронанд, бадани онҳоро бо спирт соиш медиҳанд. Ҳар ду беҳуш буданд. Миёну чанд ҷойи бадани Мафтун ва дасти чапи Ҷобирбек хунолуд гардида, либосҳояшон ях баста ба пайкарашон часпида буданд... [ниг.: 7, с. 392-393].
Бо чунин аҳвол шаб сипарӣ мешавад. Субҳи рӯзи панҷум тундбод ва бориши барф қатъ гардида, абрҳо пароканда мешаванд. Ҷобирбек ба ҳуш меояд, вале Мафтун ҳанӯз беҳушу беёд буд. Тасмим гирифта мешавад, ки тармазадагонро ба бунгоҳи тиббии Зидеҳ бурда, аз он ҷо ба шаҳр фиристанд. Барои ин гурӯҳи нақбканон омода мешаванд. Булдозер пешопеш ҳаракат намуда роҳро аз барф тоза мекунад. Вақте ки Мафтуну дӯсташ Ҷобирбекро ба занбарҳо бор карда, ба самти Зидеҳ мебурданд, ногаҳон укобе дар ҳаво пайдо шуда, хеле поён парвоз мекунад ва дар болои сари интиқолдиҳандагон ду-се маротиба печутобхӯрон болҳояшро меафшонад. Ин манзара дар чашмони ҳозирон симурғи афсонавиро мемонд, ки аз захмӣ шудани Рустам хабардор гардида, болафшон барои муолиҷа омада буд... [ниг.:7, с.393].
Мафтун дар шӯъбаи ҷарроҳии бемористони Қарияи Боло ба ҳуш меояд. Вақте ки ӯ чашмонашро нимроғ мекушояд, симои духтари рӯймоли гулобӣ бар сар ва пероҳани бунафшаранг дар барро болои сараш мебинад. Ин хешдухтараш Зуҳал буд, ки ӯро волидонаш дар овони тифлӣ ба Мафтун гаҳворабахш карда буданд. Мафтун «Зуҳал ту... инҷоӣ» гӯён пичирос мезанад ва кӯшиши аз ҷой хестан мекунад, вале қуввату мадораш намерасад. Зуҳал «наҷунбед, Мафтунҷон, духтарон ба ҷисми шумо сӯзандору карда истодаанд» гӯён ба болои сари Мафтун ҳам шуда, ӯро ором мекунад. Дафъаи дигар вақте ки Мафтун чашмонашро нимроғ мекушояд, додараш Меҳрафзун ва фарзандаш Мамнунро болои сараш мебинад ва «писарам, ...падари абгората хабаргирӣ омадӣ... Ҷони падар» гӯён нидо ме-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё