Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
эмин бошад [ниг.:7, с.385-390].
Баъди анҷоми амалиёт Мафтуну Ҷобирбек ҷониби хобгоҳ роҳ пеш мегиранд. Ба назари онҳо ин замон тундбоди барфий шиддат гирифта буд. Бидуни истироҳат дар ду баст кор кардан Мафтунро хаста намуда буд. Аз ин ҳол ӯ даврони ҷавониашро ба ёд овард. Солҳое, ки онҳо ҳамроҳи Шераливу Ҷобирбек дар нақби обрасонии Данғара фаъолият доштанд, боре бо тасмими худ се шабонарӯз низ аз нақб набаромада кор карда буданд. Камхобиҳое, ки аз боиси нобасомониҳои оилавӣ (сард гардидани муносибаташ бо Фароғат) мекашид, ба ҷисму ҷони ӯ таъсир намудаанд, ки ҳатто роҳ рафтан бароиш душворӣ пеш меорад. Бо чунин фикру хаёл Мафтун ҷониби хобгоҳ равон буд. Ӯ бо ҳамроҳи Ҷобирбек ба назди дӯли калони заводи бетон расиданд. То хобгоҳ на он қадар роҳ монда буд. Шамол бошиддат мевазид. Ҷобирбек аз тасмаи ғафси либоси болопӯши Мафтун, ки дар он митҳараи брезентпӯш овезон буд, дошта роҳ мерафт. Дар ҳамин лаҳза Мафтун виззоси сахтеро эҳсос менамояд. Гӯё тундбоди хунук аз ҷону ҷигараш ҳам гузашт. Ин тундбоди тарма буд. Мафтун хост фарёд бароварда, Ҷобирбекро аз ин хатар огоҳ намояд, вале аз зарбаи сахте пойҳояш аз замин канда мешаванду сарозер меафтад ва хирмани барф, ки бо лою гил ва санг омехта буд, аз болояш фурӯ мерезад. Пеши чашмони ӯ сиёҳ мешавад. Дар хаёлаш гӯё ҳамон юзи оҳанинчанголи тездандон дар оғили бузу гӯсфандон бузголаи дӯстдоштааш – Чамангулро нею худи ӯро газида хунашро макида истода бошад. Баъди чанд сония ӯ чунин пиндошт, ки ба миёнаш санги осиёб бархӯрдаасту аз зарби он пойҳояш аз танааш ҷудо гардидаанд ва... дигар ҳеҷ чизро пайҳас накард... [ниг.:7, с.390-392].
Бошандагони хобгоҳ аз ин фоҷиа огоҳ шуда, ба ҷустуҷӯ мебароянд. Ҳатто занони ошхона ба ёрӣ мешитобанд. Баъзеҳо бо белу каланд, аммо аксарият бо панҷаҳошон барфро тит карда, осебдидагонро пайдо менамоянд. Онҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё