Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
эҳтиётиро ба кор дароварда, компрессорро фаъол намоянд, то ба накбканоне, ки дар натиҷаи резиш дар дохили накб дармондаанд, ҳавои нафаскашӣ дода шавад. Мутаассифона, масъули дастгоҳи дизелӣ дар рухсатӣ буд. Мафтуну Ҷобирбек аз ҳавои барфолуд нафас кашида, шитобон ба даромадгоҳи ҷанубии накб меояд. Дар назди дастгоҳи дизелӣ як нафар мутахассиси эронӣ ва як коргари тоҷик ҷунбуҷӯл доштанд. Онҳо ҳарчанд кӯшиш мекарданд, дастгоҳро ба кор дароварда наметавонистанд, зеро, аз як тараф, дастгоҳ сохти шӯравӣ буду аз тарафи дигар, ду-се сол инҷониб онро кор نفرмуда буданд. Азбаски сохтмони накб бо барқ таъмин буд, ба ин дастгоҳ эҳтиёҷ пайдо намешуд. Мутахассиси эронӣ чун Мафтунро мебинад, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ҳар чӣ зудтар дастгоҳи дизелиро ба кор дарорад. Мафтун баъзе мурватҳои дастгоҳро тоб дода, равғани дар ин мурватҳо шахшударо эҳтиёткорона тоза мекунад ва чанд ҷойи онро аз назар мегузаронд. Дар ин кор Ҷобирбек ба дӯсташ ёрӣ мерасонад. Баъдан ӯ мурвати ҳаракатдиҳандаи дастгоҳро тоб медиҳад. Баробари тоб додани мурват дастгоҳ аввал номуратғаб ба кор даромада, чароғаки болои он фурӯзон мегардаду пас аз чанд лаҳза ба фаъолияти муратғаб сар мекунад. Ҷобирбек ба дӯсташ офарин мехонад. Аз фаъол гардидани дастгоҳи дизелӣ ҳама хурсанд шуда, ба накб медароянд, то ба коргарони дармонда ёрӣ расонанд. Чароғони дохили накб низ фурӯзон мегарданд ва амалиёти халос намудани коргарону мутахассисоне, ки бар асари резиш дар дохили накб дармонда буданд, шурӯъ гардида, то субҳи рӯзи дигар идома меёбад. Субҳгоҳон 4 нафар накбканони дар садама дармонда, ба бунгоҳи тиббӣ оварда мешавад. Мафтуну Ҷобирбек, ки субҳ фаъолияти муназзами дастгоҳи дизелиро таъмин менамуданд, баъди анҷоми амалиёти наҷотдиҳӣ дастгоҳро хомӯш карда, ба баъзе қисмҳои эҳтиётии он равған мемоланду болояшро бо чодари резинӣ мепӯшонанд, то аз боду борон ва чангу хок

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё