Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Маросими расмии ифтитоҳи нақби Анзоб доир мегардад ва бо пешниҳоди Сарвари Тоҷикистон ин иншоот «Нақби Истиқлол» номида мешавад. Дар ин чорабинӣ меҳмонони зиёд иштирок доштанд. Аз ҷумла Мафтун дар байни эшон соҳибкор Домулло Бобозодаро мебинад, ки бо чеҳраи хушҳол ва ҳисси қаноатмандӣ با Ҷобирбек суҳбат менамуд. Аз насими кӯҳӣ остини холии дасти чапи Ҷобирбек оҳиста-оҳиста алвонҷ мехӯрд. Дар ин рӯзи таърихӣ аробачаи Мафтун дар сафи пеш истода буд. Аз чеҳраи ӯ эҳсоси қаноатмандӣ ба назар мерасид. Бале, ӯ то тавонист васияти падарро иҷро намуд. Писараш Мамнун, ки дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи техникӣ таҳсил менамояду ҳамчун шогирди нақбкан ба фаъолият шурӯъ кардааст, кори падарро давом медиҳад... [ниг.: 7, с. 397].

Дар он лаҳзаҳое, ки маросими расмии ифтитоҳи нақби Анзоб ҷараён дошт, дар осмони лоҷувардӣ укобе пайдо мешавад. Ин укоби Мафтун буд, ки болҳояшро рост кушода, гардишкунон парвоз менамуду гӯё ҷашни таърихиро ба дӯсташ таҳният мегуфт. Дар паҳлуи Мафтун ҷавонзани шукуфтарӯи рӯймолаки гулобӣ ба сар ва пероҳани бунафшаранг ба бар нишаста буд, ки дасташ ба аробачаи Мафтун расида меистод. Ин зан Зуҳал буд. Нақбканон ба Мафтун дудаста салом карда, дар назди ин зан сари таъзим фуруд меоварданд... [ниг.: 7, с. 397-398].

ТАҶАССУМИ ОБРАЗИ ҚАҲРАМОНИ АСОСӢ ДАР АСАР

Қаҳрамони асосии романи «Нақби истиқлол» Мафтун мебошад. Воқеаю ҳодисаҳое, ки дар асар ба риштаи тасвир кашида шудаанд, маҳз дар атрофи қаҳрамони асосӣ ба вуқӯъ мепайванданд, яъне Мафтун дар маркази воқеаву ҳодисаҳо қарор дорад. Ҳарчанд образи қаҳрамони асосӣ маҳсули тахайюли адиб мебошад, он ба назари хонанда воқеӣ ҷилвагар мешавад [ниг. 5, с. 50]. Сабаб ин дар истифодаи

пешина
аз 263
навбатӣ