Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Сохтмони нақби Анзоб аз нав шурӯъ хоҳад гардид. Аз ин рӯ ба хотири нигоҳ доштани мутахассисон ӯ аз ҳисоби сад нафар нақбканон гурӯҳи калон ташкил намуда, ба сохтмони нақби метрои Маскав сафарбар менамояд. Роҳбарии ин гурӯҳи нақбканонро Мафтун ба зимма дошт ва Шералӣ муовини ӯ буд. Ин иқдом аз тарафи роҳбари собиқ идораи бонуфузи «Союзгидроспецстрой» Николай Владимирович Дмитров, ки бо Ҷумъахони Зуҳур муносибати хуби шахсӣ доштанд, хуш пазируфта мешавад ва нақбканони тоҷик дар Маскав бо ҷойи кор ва хобгоҳ таъмин мегарданд. Нақбканони тоҷик бо роҳбарии Мафтун дар сохтмони метрои майдони Ногин ба нақбканӣ машғул мешаванд. Бо сабаби зарар нарасондан ба инфрасохтори шаҳр нақби метро асосан дастӣ канда мешуд. Азбаски нақбканони тоҷик дар дастӣ кандани нақб маҳорати хуб ҳосил карда буданд, дар як моҳ то 70 метр нақб мекананд. Ҳол он ки ҳамкасбони русиягиашон дар як моҳ ҳамагӣ 20-30 метр нақб мекананду халос. Ин боиси қаноатмандии роҳбарияти сохтмони метро мегардад. Баъди чанд моҳ Мафтун дар сохтмони метро навоварӣ ворид менамояд. Бо пешниҳоди ӯ барои нигоҳдории фишори хок ҳангоми сохтмон ба ҷойи чангакҳои филизӣ, ки ҳам хароҷот ва ҳам вақти зиёдро тақозо мекард, пояҳои қубуриро истифода мебаранд. Ин ихтирои ӯ, ки хароҷот ва вақти камро талаб менамуд, аз тарафи шӯъбаи ихтирооти сохтмон ҳаматарафа санҷида шуда, қобили қабул дониста мешавад ва ба истифода тавсия мегардад. Бо ин навоварӣ Мафтун дар як муддати кӯтоҳ ба сафи ихтироъкорону навоварони сохтмони Метрои Маскав дохил мешавад ва дар ҷамъбасти сол бо фармони Президенти Федератсияи Россия бо медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» сарфароз мегардад. [ниг.: 7, с. 180-184].

Ба муносибати мукофот гирифтани Мафтун дӯстон қарор медиҳанд, ки ба тамошои Майдони Сурх рафта, дар яке аз қаҳвахонаҳои наздикии ин макони таърихии Маскав

пешина
аз 263
навбатӣ