Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Пас аз як моҳи ин ҳодиса Мафтун ба шаҳр меояд, то ҳамсарашро ба ифоқа оварда, ӯро ҳамроҳи писарчааш ба зодгоҳаш барад. Вале Фарогат ӯро дар хонаи падараш ниҳоят сард истиқбол мегирад ва ҳангоме, ки мақсади шавҳарашро мефаҳмад: «Намеравам, таппакистон ҷойи ман не... Зану бача даркор бошад, ба шаҳр биёед», - мегӯяд ва писарчаашро, ки аз оғӯши падар ҷудо шудан намехост бо як дағалии «тармарг ин ҷо биё-ё!» гӯён аз оғӯши шавҳараш кашида мегирад. Ҳангоме ки Мафтун аз ин суханони ҳамсараш ноумед гардида, ба сӯйи даромадгоҳ равон мешавад, аз ақиби ӯ «агар ба шаҳр омаданӣ набушед, тезтар аз ин ҷо гум шавед...!» - гуфта бонг мезанад. Ин лаҳза ба гӯши Мафтун овози гиряолуди писараш мерасад, ки «дадо, дадоҷон, маро баред» - мегуфт. Дар назди дарвозаи ҳавлии падарарӯсаш Мафтун бори дигар ба ҳамсараш менигарад, вале дар чеҳраи ӯ ягон осори пушаймониро намебинад. Мафтун ҳавлии падарарӯсашро тарк мекунад, вале овози гиряолуди писараш, ки «дадо, дадоҷон, маро баред» - мегуфт, ҳанӯз дар гӯши ӯ садо медод [ниг.: 7, с. 176-180].
Дар идомаи боби «Роҳ — фарҳанги диёр» аз оғози нобасомониҳои солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ва қатъ гардидани корҳои сохтмонӣ дар нақби Анзоб сухан меравад. Бо оғози низоъҳои мусаллаҳона дар ҷумҳурӣ рафтуомади нақбканон ба ҷойи корашон мушкил мешавад. Боре ҳангоме ки нақбканон аз шаҳраки Себистони Данғара тавассути автомашина ба нақби Анзоб мерафтанд, аз тарафи силоҳбадастон гаравгон гирифта мешаванд. Дар байни ин гаравгонон дӯсти Мафтун – Шералӣ Файзалӣ низ буд. Роҳбари муассисаи нақбсозон Ҷумъахони Зуҳур бо зорию таваллои бисёр нақбканонро аз дасти силоҳдорон озод намуда, ба назди аъзои оилаашон мефиристад. Бо ҳамин сохтмони нақби Анзоб муваққатан қатъ мегардад. Бо вуҷуди ин Ҷумъахони Зуҳур бовар дошт, ки чунин воқеаҳои номатлуб дер давом нахоҳанд кард ва бо ором гардидани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё