Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

намудан душвор менамуд» [ниг.: 7, с. 169-170].

Баъди як ҳафтаи рухсатӣ Мафтун боз дар нақби Анзоб ба кор шурӯъ мекунад. Қабл аз оғози кор ӯ бо сарвари сохтмон Ҷумъахони Зуҳур суҳбат менамояд ва аз ин суҳбат маълум мешавад, ки дар ҷараёни кори сохтмон тағйироте ба вуҷуд наомадаасту то ҳанӯз камбудиҳое, ки дар номаи ба унвони вазорат навиштааш зикр гардида буданд, бартараф нашудаанд. Баръакс дар Вазорати нақлиёт ва сохтмону истифодаи роҳҳои ҷумҳурӣ шахсан худи вазир ба Ҷумъахони Зуҳур гуфтааст, ки «моро бо ин мактубнависиҳо гаранг накунетон...». Баъдан Ҷумъахони Зуҳур ба Мафтун хабар медиҳад, ки ӯ бояд ба вазорат равад, зеро ӯро дар он ҷо ба кор қабул карданианд. Аммо Мафтун бори дигар исроркорона баён медорад, ки нияти дар вазорат кор кардан надорад ва мехоҳад дар сохтмони нақб фаъолияташро давом диҳад. Худи ҳамон рӯз Мафтун бо хоҳиши Ҷумъахони Зуҳур ба пойтахт омада, ин хоҳиши худро ба муовини вазири нақлиёт ва сохтмону истифодаи роҳҳои ҷумҳурӣ расонда, аз ӯ узр мехоҳад [ниг.: 7, с. 170-173].

Ҳангоме ки Мафтун ба пойтахт мерасад, издиҳоми бузургеро мебинад. Дар назди қароргоҳи ҳукумат мардуми бисёре бо шиорҳо ҷамъ омада, гирдиҳамоӣ ташкил карда буданд. Ин ҳолатро дида ӯ ба андеша меравад, ки дар сохтмони нақби Анзоб коргар намерасаду дар ин ҷо одамони зиёд гирдиҳамоӣ доранд [ниг.: 7, с. 173]. Бо чунин андешаҳо ӯ ба назди муовини вазир омада матлабашро баён медорад. Муовини вазир, ки шогирди падарарӯси Мафтун буд, ҳарчанд исрор менамояд, ки Мафтун барои ба вазорат ба кор омадан розӣ шавад, аммо Мафтун аз азми худ намегардад. Падарарӯсаш инро шунида, ба ӯ «писарам, нонро пешпо задед» мегӯяд, аммо ҳамсараш Фароғат, ки бисёр мехост, то шавҳараш мансабдори вазорат бошад, бо ӯ ҷанҷол карда, либосҳояшро саросемавор меғундорад ва ба хонаи падараш меояд [ниг.: 7, с. 174-176].

пешина
аз 263
навбатӣ