Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

зиёфат ташкил намоянд. Ҳангоме ки онҳо аз хобгоҳ мебароянд, Мафтун дар пиёдарави назди хобгоҳ ҷавонзани мавзункоматеро мебинад, ки бо писарчаи худ гаштугузор менамуд. Ҷавонзан ба ҳамсари ӯ – Фароғат хеле монанд буд. Аз тамошои ин манзара Мафтун ҳамсараш Фароғат ва писарчааш Мамнунро ба ёд меорад. Бори дигар суханони охирини Фароғат, ки «Шумо бе ман зиста наметавонед, сарсону саргардон мешавед... Тезтар гум шавед!» гуфта буд, ба хотири Мафтун меояд. Ин лаҳза симои писараш Мамнун дар пеши назараш таҷассум мешавад, ки гӯё ҳанӯз «дадо, дадоҷон, маро баред...» мегуфт [ниг.: 7, с. 184-185].

Дӯстон тавассути метро ба Майдони Сурх меоянд. Ҳангоми тамошои ин макони таърихӣ бисёр воқеаҳои фаромӯшнопазирро, ки дар ин макони муқаддас ба вуқӯъ пайвастаанд, ба ёд меоранд, ки расми гузашти низомиён дар солҳои ҷанг, ки аз ин ҷо ба муҳофизати Ватан рафта буданд, тантанаи умумихалқӣ ба муносибати иди Ғалаба, пешвози аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон аз он ҷумла мебошанд. Баъдан дӯстон аз бемасъулиятии роҳбари охирини кишвари шӯроҳо – Михаил Горбачёв, ки сабабгори аз байн рафтани давлати абарқудрат гардида буд, сухан мекунанд. Дар қаҳвахона низ суҳбати дӯстон аз ҳар бобат давом мекунад. Шералӣ ва Ҷобирбек қадах бардошта, мукофот гирифтани дӯсташон Мафтунро муборакбод менамоянд. Дар ин лаҳза марде, ки дар мизи паҳлу менишаст, бо қадаҳи лабрези худ ба назди онҳо омада, иҷозати ҳамроҳ шудан мепурсад. Дӯстон бо камоли майл аз ҷо бархеста ба ин меҳмон «хуш омадед» мегӯянд. Баъди нӯшидани қадаҳҳо маълум мешавад, ки ин меҳмон соҳибкори тоҷикистонӣ, директори генералии ҷамъияти саҳҳомии «Интербизнес»-и шаҳри Маскав Домулло Бобозода мебошад. Ӯ номи накби Анзобро шунида, дар дилаш хоҳиши бо ҳалқаи Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек пайваст шудан пайдо мегардад. Пас аз суҳбат маълум мешавад, ки Бобозода нияти обод наму-

пешина
аз 263
навбатӣ