Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Зеризаминӣ баёнгари ихтироъкории муҳандисону нақбканони ин иншооти муҳим мебошад. Ҳамчунин дар сохтмони ин нақб бори аввал комбайни нақбкании навиъ «4-ПП-2», ки истеҳсоли заводи мошинсозии Ясиноватаяи вилояти Донетски Украина буд, озмуда мешавад. Дар маҷлиси истеҳсолие, ки бо иштироки мутахассисони ин корхонаи мошинсозӣ ба хотири муҳокима намудани самараноқӣ ва норасоиҳои комбайни «4-ПП-2» доир гардида буд, Мафтун камбудии транспортёри ин комбайнро баён медорад ва баъди санҷиши мутахассисон саҳеҳии суханони ӯ тасдиқ меёбад [ниг.: 7, с. 67-71]. Ҳангоме ки дар сохтмони нақб бо сабабҳои мухталиф корҳо ба таъхир мемонанд, Мафтун бо аъзои бригадааш азм менамоянд, ки дар як басти корӣ ба ҷойи як метр ду метр нақб кананд. Ҳатто ҳангоме ки ду нафар аъзои бригада бемор мешаванд, Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек муддати се шабонарӯз аз нақб набаромада кор мекунанд ва нақшаи ҳафтаинаи нақбканиро барзиёд иҷро менамоянд, ки чунин заҳмати эшон бо ифтихорнома ва маоши иловагӣ қадр карда мешавад [ниг.: 7, с. 71-74].
Дар ин миён Шералӣ бо дӯстдоштааш Ёсуман ва Ҷобирбек бо Соҷида хонадор мешавад. Мафтун дар тӯйи арӯсии эшон иштирок менамояд. Баъди оиладор шудан Шералӣ бо арӯсии худ дар ҳавлиашон истиқомат мекунад. Ба Ҷобирбек аз хобгоҳи муассиса хонаи дуҳуҷрагӣ дода мешавад. Пас аз чанде Мафтун бо гаҳворабахши худ – Зуҳал вохӯрда, ишқи ӯро рад мекунад ва бо Фарогат оила бунёд менамояд. Дар тӯйи Мафтун Шераву Ҷобирбек иштирок менамоянд. Зуҳал, ки ба ишқи худ содиқ буд, инро бо дарду алами зиёд қабул менамояд ва азм мекунад, ки бо касе издивоҷ нахоҳад кард. Ӯ бовар дошт, ки Мафтун рӯзе пушаймон шуда, ба назди ӯ бармегардад [ниг.: 7, с. 74-76].
Дар рӯзи тӯй падарарӯсии Мафтун аз Шераву Ҷобирбек дар бораи домодаш маълумот гирифтан мехоҳад. Шераву Ҷобирбек дар сифатҳои ҳамидаи дӯсташон ҳикоят

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё