Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале ӯ дар дил аҳд намуда буд, ки баъди хонадор шудан тадриҷан «ин Уқоби Кӯҳӣ»-ро ром хоҳад кард [ниг.: 7, с. 55-56].

Ҳамин тариқ Мафтуну Шералӣ баъди гирифтани дипломҳои техникуми кӯҳшиносию геологӣ ба қабулгоҳи раиси сохмони нақби обрасонии Данғара Владимир Евгеневич Кузнецов меоянд. Владимир Евгеневич, ки мутахассиси хуби соҳаи нақбкандӣ буд, дар ин самт ба тарбияи мутахассисони маҳаллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамуд. Ӯ ба нақбканони ҷавон шароити корро фаҳмонда, аҳамияти сохтмони нақбро барои обёрӣ намудани заминҳои ташна-лаби Данғара ва, умуман, ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ баён менамояд ва Мафтуну Шералиро ба кор қабул карда, ба бригадаи Владимир Ерёмин, ки бисёр шахси кордону соҳибтаҷриба буд, вобаста менамояд. Дар аввал кормандони бригада, ба сабру тоқати ин ду ҷавон дар кори сохтмони нақб бо шубҳа менигаристанд, аммо гузашти вақт собит менамояд, ки эшон ба касби интихобкардаашон бисёр содиқ будаанд. Махсусан, ҳангоме ки дар ҷараёни нақбканӣ резиши калони хок ба амал меояду Мафтун қорнамоӣ нишон дода, ду нафар аз ҳамкорони худро аз зери хок наҷот медиҳад, эътимоду боварии кормандони бригада ба ӯ афзун мегардад [ниг.: 7, с. 56-66]. Баъди ин воқеа Мафтун сардори бригадаи нави нақбканӣ таъйин карда мешаваду забони шахсоне, ки ба фаъолияти ӯ бо шубҳа менигаристанд, баста мегардад. Шералӣ узви бригадаи дӯсташ мегардаду баъди чанде Ҷобирбек низ техникумро хатм карда, сафи коргарони бригадаи Мафтунро пурра менамояд [ниг.: 7, с. 66-67].

Истифодаи бархе аз таҷрибаҳои нақбканӣ дар ҷараёни бунёди нақби обрасонии Данғара низ бисёр ҷолиб мебошанд. Махсусан, аз ду комбайни ангиштканӣ сохтани «комбайни нақбканӣ», барои самаранок ва пешрав гардидани кори сохтмон бо усули сунъӣ ях бандондани лойқаи

пешина
аз 263
навбатӣ