Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Ҳамин тариқ Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек, ки яке аз ҷамоати Зидеҳи ноҳияи Варзоб, дуюми аз мавзеи Себистони ноҳияи Данғара ва сеюми аз деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ буд, муддати ду сол хизмати ҳарбиро бо сари баланд адо карда, ба Тоҷикистон бармегарданд. Мафтуну Шералӣ баъди адои хизмат таҳсилро дар техникуми геологию кӯҳшиносӣ давом медиҳад. Ҷобирбек корманди комбинати маъдантозакунии Анзоб буд. Ӯ ҳангоми хизмати ҳарбӣ ба дӯстони худ ваъда дода буд, ки ҳатман ба техникуми кӯҳшиносию геологӣ дохил гардида нақбкан хоҳад шуд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ Ҷобирбек ба ин ваъдаи худ вафо мекунад [ниг.: 7, с. 52].
Боби дуюми асар, ки «Меҳргони Зимарг» унвон дорад, аз техникуми кӯҳшиносиву геологияи шаҳри Душанберо хатм кардани Мафтуну Шералӣ шурӯъ мегардад. Мафтун ба зодгоҳи худ – Зидеҳ омада, чанд нафар ҳамсояҳоро ба хонаашон даъват карда, барои техникумро бо сари баланд хатм карданаш меҳмондорӣ менамояд. Ҳамсояҳо Мафтунро ба муносибати хатми техникум муборакбод мекунанд. Бобои Ҳайдар, ки синнаш ба як ҷо расида буду кӯҳро макони поку муқаддас ва мазори азизу авлиё медонист, ба ӯ дуои нек дода, насиҳат мекунад, ки ба нақб ҳамеша таҳорат карда равад, ҳамеша бо пои рост ва «бисмиллоҳ» гуфта ба нақб ворид шавад. [ниг.: 7, с. 53-55]. Дигар пирамардони деҳа низ суханони бобои Ҳайдарро тасдиқ намуда, ба кори Мафтун барор мехоҳанд.
Саҳаргоҳи рӯзи дигар Мафтун ба мошине савор шуда, ба пойтахт равон мегардад. Дар ин ҳангом Зуҳал рӯймоли гулобӣ бар сар ва перохани бунафшаранг бар тан аз болои теппаи самти шимолии мавзеи Деҳи Калони Зидеҳ ба ӯ дастафшонӣ карда, роҳи сафед орзу менамояд. Дар муддати таҳсил дар техникум ҳарчанд Фарогат борҳо исрор менамояд, Мафтун техникумро тарк намекунад. Оқибат ӯ чанде қаҳрӣ гашта, чунин «гуноҳ»-и Мафтунро мебахшад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё