Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
карда, падарарӯси Мафтунро, ки академик ва вазир буд, ба ҳайрат меоранд [ниг.: 7, с. 76-77].
Пас аз чор ҳафтаи рухсатӣ Мафтун ҳамсари худ – Фарогатро ба шаҳраки Себистон меорад. Маъмурияти муассиса ба ӯ хонаи дуҳуҷрагӣ медиҳад. Фарогат аз ғайри ихтиёри худ дар Себистон муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик мешаваду Мафтун кори худро дар сохтмони нақб давом медиҳад. Ба ин тариқ чанд моҳ сипарӣ мегардад ва бо гузашти вақт анҷоми сохтмони нақб наздик мешавад. Дар ин миён Шераливу Ҷобирбек фарзанддор мешаванд. Ҳамсари Мафтун низ умедвор буду ӯ дар интизори таваллуди фарзанд [ниг.: 7, с. 78].
Дар яке аз рӯзҳои истироҳат, ки дӯстон бо ҳамсарони худ дар хонаи Ҷобирбек ҷамъ омада буданд, Мафтун таъҷилан ба идораи сохтмон даъват карда мешавад. Дар ин ҷо ӯ хабари оғози сохтмони нақби Анзобро шунида, бисёр хурсанд мешавад ва тасмим мегирад, ки бо бригадаи худ ба ин сохтмони муҳим сафарбар гардад. Ӯ ниҳоят хурсанд буд, ки акнун барои анҷом додани васияти падараш имкон фароҳам омадааст ва раҳораҳ ҳикоятҳои падарашро дар бораи бо меҳнати тоқатфарсои дастӣ ва бо азобу машаққати зиёд бунёд гардидани роҳи Сталинобод – Истаравшан тавассути ағбаҳои Анзобу Шаҳристон ба ёд меорад... [ниг.: 7, с. 78-85].
Бо чунин фикру хаёл вориди хонааш гардида, ҳамсарашро ба оғӯш мегирад ва ба ӯ хабари оғози корҳои сохмонӣ дар нақби Анзобро мерасонад. Мафтун гумон дошт, ки Фарогат низ аз шунидани ин хабар хурсанд хоҳад шуд, вале Фарогат баробари шунидани ин хабар худро аз оғӯши шавҳараш раҳо карда, бо асабоният ба ӯ мегӯяд, ки дигар чунин «дарбадарию хокбасарӣ»-ро таҳаммул нахоҳад кард. Ӯ ҳанӯз дар фикри он буд, ки Мафтун аз касби нақбкандӣ даст кашида, хонданро давом диҳад ва ба аспирантура дохил шуда, «обрӯ гирад». Аммо Мафтун обрӯро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё