Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Асар ба инъикоси ҳақиқати воқеӣ мусоидат намуда, воқеияти тасвир якҷоя бо тахайюли бадеии нависанда имкон фароҳам овардааст, ки тасвири ҳодисаву таҷассуми образҳо таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб карда тавонанд.
Асари мазкур бори аввал соли 2007 аз тарафи нашриёти «Адиб» ба табъ расида буд. Баъдан он бо تکмилу иловаҳо солҳои 2015 ва 2020 низ нашр гардид. Метавон гуфт, ки романи «Нақби Истиқлол»-и Бахтиёр Муртазо аз дастовардҳои муҳими адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки он соли 2007 аз тарафи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон «Беҳтарин китоби сол» эълон гардида, соли 2009 ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ сазовор шудааст [ниг.: 2, с]. Ин асар на танҳо аз ҷиҳати доираи фарогирии мавзӯъ падидаи муҳими адабӣ ба ҳисоб меравад, балки дар он муносибати нависанда бо санаду далелҳои воқеӣ ба тарзи тамоман нав сурат гирифтааст. Ба ибораи дигар факту далелҳо дар ин асар на танҳо баёнгари воқеияти замон мебошанд, балки ҳамчун воситаи тақвият бахшидан ба бадеият ва афкори нависанда низ хизмат кардаанд.
Дар бораи ин асар муҳаққиқон Ш. Раҳмон [ниг.: 9; 10; 11], М. Назрикул [ниг.: 8], М. Муродӣ [ниг.: 6], Н. Н. Салиҳов [ниг.: 12] ва С. Шарифов [ниг.: 14] изҳори андеша намудаанд. Аз ҷумла муҳаққиқ Ш. Раҳмон ин романи мустанадро дар эҷодиёти нависанда «гардиши муҳими адабӣ» ҳисобида, таъкид медорад, ки ин асар «ҳақиқати воқеии замони моро равшан нишон медиҳад» [11]. Муҳаққиқ аз маҳорати хуби нависанда дар инъикоси табиати диёр, махсусан асрори кӯҳҳои сарбаланди он сухан ронда, аз тарафи ӯ бамавқеъ ва дар мавриди мувофиқ кор фармуда шудани олоту воситаҳои техникии нақбканиро гувоҳи он меҳисобад, ки адиб ба дараҷаи зарурӣ аз илми нақбканӣ, техникаву технология ва нозукиҳои кори ин соҳа ба хубӣ огоҳ аст. Ҳатто ҳангоми мутолиаи асар ба назари кас чунин мена-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё