Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан
  • «Нақби Истиқлол» намунаи насри мустанади бадеӣ ба ҳисоб меравад. Асари мазкур аз ҷумлаи таълифотҳое мебошад, ки ба бунёди яке аз иншоотҳои муҳими давр - нақби Анзоб, ки баъдан бо пешниҳоди Сардори давлат нақби Истиқлол номида шуд, бахшида мешавад.

Табиист, ки барои навиштани ин асар нависанда борҳо ба маҳалли сохтмон сафар карда, шароити ҷуғрофӣ ва табиату муҳити он мавзеъро ба хубӣ омӯхтааст. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳистон мебошад, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо сабаби баста шудани ағбаи Анзоб рафтуомад аз шимол ба ҷануб ва аз ҷануб ба шимоли кишвар бо душворӣ сурат мегирифт. Маҳз бунёди нақби Истиқлол имкон дод, ки робитаи нақлиётии байни минтақаҳои шимол ва ҷануб дар чор фасли сол таъмин бошад. Аз тарафи дигар, нақби Истиқлол барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳатто аҳамияти стратегӣ дошта, на танҳо барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани ҷумҳурӣ, балки барои мустаҳкам гардонидани робитаи байни сокинони ҷумҳурӣ таъмини ваҳдати миллӣ нақши маҳим бозид. Дар романи мустанади нависандаи ҷӯянда ва публитсисти шинохта Бахтиёр Муртазо ҷараёни корҳои сохтмонии нақби Истиқлол, муҳим будани ин иншооти барои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, мушкилоти нақбкандӣ, корнамоии шуҷоатманди нақбканон тасвир ёфтааст.

Муҳаққиқон дар бораи асар

«Нақби Истиқлол»-ро метавон дастоварди муҳими адабиёти навини тоҷик дар ибтидои асри XXI номид, ки анъанаю навоварии адабиёти асри XX-ро ба ҳам алоқаманд мекунад. Факту далелҳои воқеӣ бо тахайюли бадеии нависанда омезиш ёфта, як асари хуби хонданиро ба вуҷуд овардаанд. Ба ибораи дигар, маводи фаровони ҳуҷҷатӣ дар

пешина
аз 263
навбатӣ