Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
мояд, ки нависанда «асари мазкурро ҳамроҳи нақбканони Анзоб гӯё якҷоя навишта бошад» [9, с. 5; 10, с. 147]. Ин ҳама баёнгари он дониста мешавад, ки Бахтиёр Муртазо барои эҷоди асари худ ҳамаи санадҳои вобаста ба бунёди нақби Анзобро омӯхта, «бо коргарон аз наздик шинос шуда», борҳо бо роҳбарияти сохтмон суҳбатҳо анҷом дода, ҳатто моҳҳо дар байни нақбканон зиндагӣ кардааст [9, с. 6-7; 10, с. 148]. Ш. Раҳмон ҳамчунин дар асар тасвир ёфтани тақдир, тарзи зиндагӣ ва кору пайкори се насро зикр намуда, муҳимтарин образҳои асарро ба таври мухтасар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст [9, с. 9-16; 10, с. 148-152].
Бино ба андешаи муҳаққиқи соҳаи публитсистика М. Муродӣ муаллифи «Нақби Истиқлол» барои таълифи ин асар «беш аз як сол корҳои сохтмониро дар нақби Анзоб мавриди омӯзиш қарор дода, бо коргарони зиёд суҳбат кардааст, аз нақлу ривоятҳои пирони рӯзгордидаи деҳоти Зидеҳу Такфон баҳраманд гардидааст». Ин ҳама боиси густариши доманаи мавзӯъ, «ғановатмандии мазмуну мундариҷа ва рангорангии тасвир» дар асар ҳисобида мешавад [6, с. 245]. М. Муродӣ ба ҳунару маҳорати нависандагии Бахтиёр Муртазо дар офаридани романи мустанади «Нақби Истиқлол» баҳои баланд дода, муносибати эҷодии нависандаро ба мавзӯъ ва масъалаҳои дар асар инъикосшаванда махсус таъкид медорад. Ба андешаи ӯ ҳарчанд дар асар баъзе аз қаҳрамонҳо маҳсули тахайюли муаллиф буда, сюжету тасвирҳо сохтаву образноканд, «аз оғоз то анҷоми асар бӯйи воқеият аз машом дур намешавад» [6, с. 244]. Зимни таҳлили мухтасари мазмун ва мундариҷаи асар ба маҳорати адиб дар интихоби сарлавҳаву унвони бобҳо, ба проблемагузориву шарҳи проблема ва ҷӯё шудани роҳи ҳалли мушкилот аз тарафи муаллифи асар, ҳамчунин ба тасвири симои қаҳрамони асосӣ — Мафтун, ки дар маркази тасвири воқеаву ҳодисаҳо қарор дорад, ба афкори замонавию пешниҳодоти воқеии ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё