Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Бозор Собир, Низом Қосим, Эммануил Муллоқандов, Абдулло Зокир ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо низ аз зумраи тарҷумонҳои касбист. Зимнан, ӯ якҷо бо Тойтуʻра Ботиркулови қирғиз повести «Роҳи Каҳкашон»-и Чингиз Айтматовро, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон соли гузашта 90-солагиаш дар Тоҷикистон ҳам васеъ таҷлил гардид, аз забони асл тарҷума кардааст. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки ҳанӯз чанд сол муқаддам бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ бо мақсади тарғиби осори адибони кишвар ва муаррифии намунаҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳонӣ Маркази тарҷума таъсис ёфта буд.

Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:

Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо (Бахтиёр Қосим Муртазо), 23 майи соли 1940 дар рустои Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар хонаводаи зиёӣ дида ба олам кушодааст.

Гузаштагонашро аҳли илму фарҳанг ва донандагони хуби улуми исломӣ медонанд. Бино ба гуфтаи ӯ, бобои модариаш Домулло Хоҷа таҳсилкардаи мадрасаи Бухоро ва бобои падариаш Сайид Муртазо хатмкардаи мадрасаи шаҳри Тошқӯрғони Афғонистон буданд. Соли 1937 тири хуношоми «тройка» хонадони онҳоро низ ба нишон гирифт ва ба ҷурми аҳли илм будан Домулло Хоҷа қурбонии солҳои бедод шуд.

Падараш аз ҷумлаи омӯзгорони варзида маҳсуб мешавад, муддате муаллим, баъдан мудири мактаби деҳа ва

пешина
аз 263
навбатӣ