Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён буд. Муҳити хонаводагӣ барояш имкон фароҳам овард, ки бештар аз дигар ҳамсолонаш китоб хонад, чун хонаи падарӣ пур аз китоб буд ва ҳамзамон бо ташвиқи қиблагоҳӣ кутуби зиёдеро аз китобхонаи мактабу идораи ҷамоат пайдо мекард ва мутолиа менамуд. Дар суҳбате дилбастагӣ ба мутолиаро як сабаби рӯ оварданаш ба кори эҷодӣ донистааст.

Пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин даст ба кори рӯзноманигорӣ задааст. Нависандаи маъруф ва публитсисти шинохта марҳум Мутуулло Наҷмиддиновро устоди худ медонад ва мегӯяд дар коргоҳи эҷодиаш, ки аз як хонаи якҳуҷрагӣ иборат аст, расми бузурги ин устоди насрро нигоҳ медорад. Аз ӯ омӯхтааст ва М. Наҷмиддинов хеле аз навиштаҳои аввали ӯро қалам задаву бо маслиҳату машварат ӯро ба шоҳроҳи нависандагӣ равона сохтааст.

Тӯли фаъолияти корӣ дар вазифаҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муҳаррири шуъбаи публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», сармуҳаррири аввалини нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» кор кардааст.

Муддати чор сол (солҳои 1969-1973) дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва се соли дигар (1979-1982) чун афсар хизмат кардааст.

Айни замон раиси Шӯрои очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи «Минбари халқ» дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст.

Муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Чанор дар Солони», «Ҷӯи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи Офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби

пешина
аз 263
навбатӣ