Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
ри давлат эҳё намуданд, нақби Истиқлол мебошад. Зимни эҳёи ин нақб барои раҳои бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 1999 чунин суханони таърихиро ироа намуда буданд:
«Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳ кушоем!»... Очерки «Барномаи аввалини давлатсозӣ» доир ба ҷаҳду талошҳо, ҷоннисорию фидокориҳои Пешвои муаззами миллат ҳикоя менамояд, ки аз минбари мубораки Иҷлосияи XVI суханони мӯъҷизавии дили бузурги худро изҳор намуда буданд. «Бо тамоми ҳастии худ ба муқобили ҷанг мубориза мебарам ва дар берун аз хоки ҷумҳурӣ то як нафар мондани муҳоҷирони иҷборӣ ором намегирам». Сардори давлат ба минтақаҳои хатарнок рафта, барои ба ҷойҳои муқимӣ баргардондани гурезаҳо хизматҳои беназир кардаанд.
Инчунин дар ҷилди дуюм низ очеркҳои «Оташи қалби инсон», «Роҳи нурафшон», «Оғози сохтмонро дӯст дорам» ба ҳаёт ва меҳнати гаронқадри бунёдкорони неругоҳи Роғун бахшида шудаанд.
Дар ин ҷилд очеркҳои «Зиёрати оромгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ», «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ», «Дарахти умри инсон», «Чароғи равшани устод», «Теғи синоӣ ба каф», «Рӯҳи бешикаст», «Уқоби қафасшикан», «Ситораи дӯст», «Оҳан механдад» ва ғайра ба хонандагон пешкаш шудаанд.
Тавре ки маълум аст, камина аз ҷумлаи қаламкашони ҷумҳурӣ аввалин шуда, солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба сохтмони овозадори Шоҳроҳи Байкалу Амур, яъне ба манотиқи Сибир ва Шарқи Дур се маротиба сафар намуда, дар бораи корнамоии ҷавонони Тоҷикистон як силсила очеркҳо навишта будам, ки баъди интишор ёфтан дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо ҳамон вақт аз тарафи нашриёти «Ирфон» ва «Маориф» дар шакли китобҳои алоҳида бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё