Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
лемавӣ буда, мавзӯи ташаккули синфи коргар-сохтмончиёни Роғунро дар бар мегирад. Дар ин асар нависанда роҳи ҳалли саволҳоеро, ки дар мавридҳои гуногун бо шеваҳои гуногун ба миён гузошта шудаанд, суроғ мекунад. Ва ин саволҳо на танҳо барои он рӯзҳо, балки барои ҳамешагӣ ҳам мубраманд: «Соли ҳаштоду се сохтмони Роғун-сохтмони умумииттифоқии зарбдори комсомолӣ эълон шуд. Вале инро ҷавонони тоҷик сари муе ҳам ҳис накардаанд, ба назари мо онҳо карахт менамоянд ва гузашта аз ин онҳо хеле тарсончаканд.» (1.33) Аммо замоне мерасад, ки ҷавонон андеша мекунанд:» Барои чӣ неругоҳи Роғун дар диёри мо бунёд мегардаду дар он мутахассисони тоҷик каманд ё умуман нестанд?» (1.33). Адиб барои нишон додани ҳалли ин мушкил саҳнаи дигаре месозад ва аз забони қаҳрамонаш-Гиёсиддин мегӯяд: «Рости гап, барои ҷамъ овардани аъзои бригада ба деҳаҳои зиёд нарафтаам. Аз қишлоқи худамон - Фатҳобод ва қишлоқи ҳамсоя Меҳробод понздаҳ нафар ҷавононро пайдо намудам.» (1.34) Ин ташаккулро публицист дар саҳнаи зерин ҷамъбаст мекунад:» Кадом як кас гур-гур кард, ки «ин ҷо худаш чӣ ҷой аст, аслан ҷой набудааст. Гумроҳ шудем, барои чӣ омадем?». Сипас Гиёсиддин ин ҳолатро мушоҳида карда гуфт:
- Эй бачаҳо, гӯш кунед, нанг кардем, номус кардем, акнун ақаллан як сол аст, ним сол аст, бояд кор кунем. Моро бо дабдабаю дагдага оварданд, пагоҳ-фардо дар рӯзномаҳо ҳам менависанд, ки ҳамин хел ташаббус нишон додем. Мувофиқи қавлу ваъдаи худ амал накунем, ваъдахилофӣ мешавад, агар номардона гурезем, шармандагӣ хоҳад шуд.» (1.37) Ҳатто аз ҳамин порчаҳо ҳад задан мумкин аст,ки ташаккули синфи коргари соҳаи нави саноатии мо чӣ гуна сурат мегирифт ва саросари очерк ҳовии саҳнаҳо, баҳсҳое аст, ки ҳамин мавзӯъро дар бар гирифтааст.
Аммо бояд тазаккур дод, ки ташаккули синфи коргари тоҷик даҳсолаҳо пеш аз сохтмони Роғун дар сохтмонҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё