Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Тмони сарбанди неругоҳ садди сойи Оби Шӯрро сохтанӣ будааст. Ба нақша гирифтааст, ки пеш аз тағйир додани маҷрои дарё ва оғози сохтмони сарбанд сойи Оби Шӯрро лаҷом бизанад ва аз шарру зиёни шайтонатпешаи он эмин гардида, ба хотири ҷамъ сарбанди дар ҷаҳон муҳташамтаринро бунёд бикунад.» (1.24).

Ҳунари тасвиргарӣ, ташбеҳ, зебонависии нависанда Бахтиёр Муртазо дар ин очерк бисёр равшану мукаммал зоҳир мешавад. Мисли ин ки «ин сад гӯё аз қаъри дарё реша гирифта, сабзида баромадааст» (1.17) ё ҷойи дигар мехонем: «Чун борон аз осмон бо гирев мерехт, сойи Оби Шӯр бо обҳои гилолуда медамиду шӯр меангехт ва сангҳои калон-калони якчанд тоннагиро аз кӯҳҳо гелонида ба поён меовард ва бо обҳои кабӯдҷатоби Вахшруд бераҳмона мезаду бо ҳамин ранг бархӯрд мекард». (1.18). Ҷойи дигар адиб як воқеаро чунин дида, ба хонандааш пешкаш мекунад: «Гирду атрофи сарбанд тамоман торик шуд, зеро симҳои интиқоли барқ гусаста гашта, баркро қатъ карда буд. Гоҳ-гоҳе тундар замину замонро ба сонияе равшан мекард. Шаби нӯҳуми май соати дую панҷ дақиқа фишори дарё ва сойи Оби Шӯр ба сарбанд ба нуқтаи олӣ расид ва он ба ин ҳама қудрати аҳриманӣ тоб наёварда, оқибат футур рафт... Футур рафт он ҳама умедҳо, заҳматҳо, ҷоннисориҳои тӯлонӣ...» (1.20)

Ҷилди аввали «Хӯшаҳо аз киштаҳо» бо очерки баландисмазмуни проблемавӣ ва хеле ҳунармандона эҷодшудаи «Садди сойи Оби Шӯр» оғоз гардидааст, ки ин ҳусни матлаҳи китоб мебошад.

Ин аст як лаҳзаи сохтмони Роғун дар асари нависанда Бахтиёр Муртазо. Ин иншоот, ин мавзӯъ дар نوشته‌های (навиштаҳои) дигари вай мисли «Оташи қалби инсон», «Роҳи «Нурафшон», «Бригадаи аввалини нақбканон» бо рангу тароват ва мавзӯъҳои хосе такрор мешавад. Очерки охирзикршуда, ки аз ҳаёти нақбкан Ғиёсиддин Хокироев аст, очерки проб-

пешина
аз 263
навбатӣ