Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

доди ҳаштодҳазорӣ интишор ёфта, ин воқеаҳоро дар саҳифаҳои худ фаъолона инъикос менамуд. Ҳар ҳафта дар рӯзи душанбе бо роҳбарии сармуҳаррир ҷаласаи кормандони эҷодии рӯзнома баргузор гардида, хабару мақолаҳои он муҳокима мешуданд. Ин барои ман донишгоҳи ҳақиқии рӯзноманигорӣ ҳисоб меёфт. Умуман, кор кардан дар рӯзномаи ҷавонон бароям хеле шавқангез буд. Дар тӯли фаъолияти чаҳордаҳсолаам дар ин ташкилоти эҷодӣ то ба мансаби сармуҳаррирӣ расида, тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бисёр минтақаҳои мамлакати шӯравиро дидаам. Ҳамон солҳо ба сохтмони овозадори Сибирзамин — Шоҳроҳи Байкалу Амур се маротиба сафари хизматӣ намуда, дар бораи фаъолияти бригадаҳои фиристодагони Тоҷикистони маҳбуб очеркҳо навиштаам.

Ин очеркҳо аввал дар рӯзномаҳо чоп шуданд ва сонӣ аз тарафи нашриёти «Ирфон» ва «Маориф» дар ду китоб бо унвонҳои «Қасидаи бародарӣ» ва «Чанор дар Солони» ба табъ расиданд. Аслан ин муҳоҷирати аввалини меҳнатии ҷавонони Тоҷикистон дар сарзамини Русия маҳсуб меёбад, ки ҷараёни онро дар ин китобҳо баён доштаам.

Очерк ҳикояи мустанад буда, асари бадеӣ ҳисобида мешавад. Инро очеркнависони номвари шӯравию рус Валентин Овечкин, Анатолий Аграновский, Василий Песков (барандаи ҷоизаи Ленинӣ барои китоби очеркҳояш) ва дигарон собит менамоянд.

Камина ҳикояҳо ва қиссаҳои сирф бадеӣ ҳам навиштаам ва инҳо дар маҷмӯаҳоям гирдоварӣ шудаанд. Асари «Накби Истиқлол» барои он романи мустанад ном гирифтааст, ки дар бораи сохтмони мушаххаси воқеӣ эҷод гардида, онро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё намудаанд ва дар зимни ин нутқи таърихии худашонро эрод кардаанд, ки дар он чунин суханони пурмаъно ва таъсирбахши бузургворона омадаанд: «Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳро кушоем!!!»

пешина
аз 263
навбатӣ