Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Модар субҳи барвақт каландро мегирифтанду мани хоболудро, ки аз доманашон дошта кашол мешудам, ҳамроҳ ба кори колхоз мебурданд. Он вақт ба касе музди меҳнат ва ё ба ҷои он ҳатто як каф ғалла намедоданд. Танҳо дар як рӯз як навъ ғизо мепухтанд, ки онро «дами гарм» мегуфтанд. Шариф-Тӯқсоба ном як шахс бо шогирдаш аз анбори колхоз сари китфаш чизеро мисли мош, гандум ё ярма меоварду дар дег меандохт ва «дами гарм» омода мекард. Мардум ӯро бо лаҳни худ Тӯқсоба мегуфтанд. Ба назари ман баъд аз хӯрдани ҳамин дами гарм колхозчиён ҳол мегирифтанду дурусттар каланд мезаданд... Баъзан ҳамин ғизо ҳам насиб намекард ва аз саҳро сари хаму шиками гурусна бармегаштем.

  • Шумо низ, ки бо модар ҳамроҳ будед, аз ин ғизо истеъмол мекардед...

Бале, мисли ҳама як косаи оҳании ба латта печонидаро ҳамроҳ мегирифтем. Вақти пешин барои хӯрок овардан ман сари дег мерафтам. Шариф-Тӯқсоба ҳаққи модарро ба коса мерехту сипас кафлезро як силтав медоду мегуфт: Ин ҳаққи ту! Хеле хурсанд мешудам ва пеши модар медавидам, ки ошпаз ҳаққи маро ҳам дод. Модар бо табассуми маҳзунона ғизоро бо ман қисмат мекард. Худ хеле кам тановул менамуд, то ба ман бештар монад. Ман бо ҳамин силтави кафлез калон шудам. Солҳо гузаштанд. Баъдан вақте ки дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекардам, барои хизмат ба ҳайси тарҷумон ба Афғонистон рафтам. Аз он ҷо барои ҳадя як миқдор пиёлаи кабуди чигдагул овардам, ки байни мӯйсафедон хеле маъруф буд. Агар дар хотир дошта бошед, Пӯлод Толис ҳамин гуна пиёла доштааст ва шодравон Гулназар Келдӣ бо ҳамсари адиб мусоҳибаи муассире навишта буд, бо номи «Пиёлаи чигдагули Толис». Хуллас, ҳар мӯйсафеде, ки ба хабаргирии ман меомад, ҳатман як пиёла ба унвони савғотӣ аз Афғонистон медодам. Мӯйсафедон пиёларо ба бағал мегузоштанд ва дуои нек медоданд.

пешина
аз 263
навбатӣ