Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Мапиндоштед, аз таҳсини модар рашк бурд. Аммо ӯ аз дурӯғгӯии дугонааш шарм медошт. Касе, гӯё ӯро дар замири дилаш оташ дода мегуфт: бираву бигӯ, ки «чӣ тавр шарм накарда худро таъриф мекунӣ? Ба касе гӯй, ки туро нашиносад. Ту дар хонаатон танбалхӯҷа ҳастӣ». Вале Гулноз бо кор машғул буд, дар пеши модар изо додан дугонаашро нахост. Ҳар чӣ ҳам бошад, вай дугонаи наздикаш. Ӯро барои хушгӯиҳояш нағз мебинад. Ба гап моҳир аст ӯ. Чунон ки мегӯянд, ба гап ҷома мепӯшонад.
– Хола, агар корҳои хонаро ба сомон расонам, – ҳанӯз варсоқӣ мехонд Манижа, – дарсамро тайёр мекунам, баъд ҷӯроб мебофам. Ба қарибӣ ба акоям нимтанаи беостин бофтам. Ҳоло барои очаам ҷӯроб мебофам. Кошкӣ тезтар буд мешуд, дар идашон тақдим мекардам, – гӯё орзу кард ӯ.
Гулноз ҳамон лофзании дугонаашро шунида иззати нафсаш мекоҳид. Гӯё ӯ дугонаашро таъна зада, «ман Гулноз барин бехунар не», мегӯяд. Бо вуҷуди ин вай худдорӣ ва таҳаммул мекард. Ба ҷои қаҳру ғазаб хандааш наомаду худ ба худ мегуфт: «номаъқул кардӣ, ҷӯроб бофтан он тараф истад, домани кандашудаи куртаатро худ дӯхта наметавонӣ, ба очаат ва ё ба ман мефармоӣ».
Гулноз саргарми кор ва худ ба худ ҳарф зада, таскин ёфтан, нафаҳмид, ки Манижа чаро нохост тараддуди рафтан кард? Охир вай барои ба Гулноз ёрӣ расондан омада буд.
– Духтарам, бишин, ман ҳоло ба ту пиёз реза карданро фармудан мехостам, – гуфт модари Гулноз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё