Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
ДУГОНАҲО
Ба рӯи Гулнозу Манижа дарро кушода модар ҳамоно ба сари духтараш борони таънаяю маломат рехт:
– Дар куҷо мегардӣ? Нагуфтӣ, ки рӯфту рӯби хона ҳаст. Додаракатро аз боғча овардан даркор. О ман чор дасту чор пой надорам, ки аз паи ҳама кор шавам. Аз кор омада надонистам, ки сари кадом корро гирам...
Гулноз ҳарфе назад, нагуфт, ки дугонааш имрӯз якбора аз ду фан баҳои ду гирифт. Роҳбари синф ӯро фармуд, ки ҳамроҳаш дарс тайёр бикунаду ба вай дарси гузаштаву имрӯзаро бифаҳмонад. Дар хонаи Манижа ҳамроҳ дарс тайёр карданд ва ҳоло вай барои ба корҳои дугонааш ёрӣ расонадан омадааст.
Гулноз зуд тағйири либос карда ба кор даромад. Дид, ки модараш хонаро рӯфтааст, фарши хонаҳоро аз як сар пок карда, гуфтугӯи Манижаву очаашро мешунид.
– Манижа, ту ҳам дугонаат барин коргурезӣ?
– Ман дастёри дасти рости очаам, – ба гап даромад Манижа. – То аз кор омадани ӯ ҳама корро ба ҷо меорам. Хона мерӯбам, фаршро оина барин тоза мекунам, сатили партовро ба партовгоҳ бурда мерезам. Аз мағоза нону шир харида меоям. Барои таомпазӣ пиёзу картошка тоза мекунам.
– Э бале, духтар бояд ҳамин хел шавад-дия.
Гулноз худтаърифкуниҳои дугонаашро шунида, гӯё назди оташдон истода бошад, худ аз худ тафс баровард, рӯҳсораҳояш сурх шуданду арақ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё