Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ОЗОД АМИНЗОДА

Озод Аминзода 01.10.1933 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи шоир ва тарҷумони забардаст – Муҳиддин Аминзода, таваллуд шудааст.

Соли 1958 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷандро ба итмом расонидааст. Барои бачаҳо шеър гуфтааст. Китобҳои зиёдаш интишор ёфтаанд. «Чаро гӯши вай дароз?» (1985), «Ман ҳам шудам мактабхон» (1988), «Қиссаи ҳартуми фил» (1997). «Ман хонда метавонам» (1997).

Ба дарёфти унвони корманди шоистаи Тоҷикистон (1983), Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (1997) ва мукофотҳои дигар мушарраф шудааст.

Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Аминзода 08.06.2009 ҷаҳонро падруд гуфт.

пешина
аз 184
навбатӣ