Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Нон мечаспонад очам
Андар танӯри тафсон.
Дар осмон ситора
Мечаспад ба ҷои нон.

Очам рӯи алавро
Андак-андак мекобад.
Ду рӯяш чун ду лаб нон
Дар чашми ман метобад.

Оби хунук чун арак
Мешорад аз рӯи нон,
Нони гандум мешавад
Чун рӯи марди деҳқон.

Рӯи шиғ, пеши танӯр,
Чило мегирад аз нон
Хонаро пур мекунад,
Бӯи хуши тобистон.

Аз нони гарми очам
Бӯи марза меояд,
Бӯи доси даравгар,
Бӯи дарза меояд.

Бӯи банду чигина,
Бӯи вал, бӯи хирман...
Аз нони очам ояд
Бӯи падарҷони ман.

пешина
аз 184
навбатӣ