Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Б соҳиби ин боғ буд,
Чашмаш ба роҳи роғ буд.

Омад чу дар боғ О падид,
Б гуфт: — О, хуш омадед!

О ногаҳон бетоб шуд,
Б-ро бидиду ОБ шуд.

МО ВА МОМО

М аз дасти О дорад,
То М бо О МО бошад!

МО аз дасти МО дорад,
МО бо МО МОМО бошад!

МО хуш бо МОМО бошем,
МОМО хуш бо МО бошад!

БО ҲАРФИ М ЧИҲО ШУД?

М як ҳарфи танҳо буд,
Як ҳарфи бемаъно буд.

Боре ҳамдам бо О шуд,
МО шуд, хеле фаҳмо шуд.

МО чун бо Ҳ шуд ҳамроҳ,
Олам равшан гашт аз МОҲ.

пешина
аз 184
навбатӣ