Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ЮСУФҶОН АҲМАДЗОДА

Юсуфҷон Аҳмадзода 29 декабри соли 1947 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст.

Соли 1965 донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, онро бомуваффақият хатм намудааст.

Ҳамчун шоир ва нависандаи кӯдакону калонсолон шинохта шуда, суруду таронаҳо ва ғазалу рубоӣ мегӯяд.

Нахустин маҷмӯаи ашъоراш «Тӯҳфаҳо» соли 1978 чоп шудааст.

Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои «Мурғобӣ, чӣ мекубӣ?» (1981), «Хурсандӣ» (1982), «Оинаи дидор» (1999), «Мӯрчае дона ёфт» (2003) ва дигар [асарҳо] ҳаст.

Хидматҳои ӯ дар соҳаи матбуот ва адабиёт бо ордени «Шараф» (2002), нишонҳои фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» тақдир шудааст.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 2000 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

пешина
аз 184
навбатӣ