МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
ТАСНИФОТИ МЕТОДҲОИ ТАДҚИҚОТИ ПЕДАГОГӢ
Дар тадқиқотҳои педагогӣ методҳои зеринро истифода мебаранд:
Методҳои назариявӣ: таҳлил, муқоиса, ҷамъбаст, хулосабарорӣ ва ғайра.
Методҳои эмпирикӣ: Мушоҳидаи педагогӣ, омӯхтани дастовардҳои фаъолият, омӯхтани ҳуҷҷатҳо, анкета, суҳбат, мусоҳиба (интервю) ва ғайра.
Методҳои математикӣ, барои муайян намудани бо ҳам пайвастагии миқдории ҳодисотҳо зарур аст. Донишҷӯи донишгоҳ методҳои тадқиқотии педагогиро хуб аз худ намуда, онҳоро моҳирона дар рафти таҷрибаи омӯзгорӣ дар мактаб, дар тадқиқотҳои кори курсӣ ва дипломӣ истифода намояд.
Методи мушоҳидаи педагогӣ. Ин метод амалан дар ҳар намуди тадқиқот маъмулан истифода бурда мешавад. Ҳодисаҳои педагогӣ ба хусус тарзи амалиёти беҳтаринро тақозо мекунад ва билохира тадқиқотчӣ бояд тавассути мушоҳида (тулонӣ ва ё кӯтоҳмуддат) таҷрибаҳои муфидро фароҳам оварад. Яъне, зимни тадқиқоти мушоҳида ба хулосае ояд, ки кадом тарзи коргирии омӯзгор бартарӣ дорад. Мушоҳида тибқи нақшаи дақиқ ва нишондоди бо мақсад, бурда мешавад, ки он бояд ба саволҳои зайл ҷавоб дода тавонад: чиро, барои чӣ, кай ва чанд муддат мушоҳида кардан ва аз ин чигуна натиҷа умед кардан?
Суҳбати тадқиқотӣ ва мусоҳиба. Истифодаи методҳои суҳбат ва мусоҳиба дар тадқиқоти илмӣ басо аҳамияти калон доранд. Муҳаққиқ тибқи ин методҳо фикру андеша ва муносибати тарбиядиҳандагон ва дар ҳамин радиф эътибори тарбиягирандагонро нисбати ҳодисаи марбути педагог фаҳмида ҳақиқати ҳолро равшан мегардонад. Албатта муҳаққиқ қабл аз мусоҳиб шудан бо омӯзгор, хонанда ва волидайн омодагии пухта мегирад, мақсади мусоҳибаро муайян мекунад, то ки сабабҳои зуҳуроти ину он ҳодисаи педагогӣ амиқу возеҳ ошкор гардад. Дар амалиёти ин методҳо ба инобат гирифтани синну сол, савияи дониши мусоҳибон, саволҳои асосӣ ва ёрирасон, ки ба онон дода мешаванд, пухта кардан аҳамияти калон дорад.
Озмоиши педагогӣ. Ин методи комплексии тадқиқоти илмӣ буда, дар як вақт истифода бурдани чандин метод, аз қабили мушоҳида, суҳбат, мусоҳиба, саволнома, корҳои контролии ташхисдиҳанда ба миён овардани вазъияти махсусро талаб мекунад. Озмоиши педагогӣ барои тадқиқоти дурусту исботи ҳақиқати воқеӣ ва фарзияи педагогӣ истифода бурда мешавад. Барои он ки озмун дуруст ва натиҷабахш гузарад, чунин шароитҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:
– таҳлили дақиқи пешакии назариявӣ ва таърихии ҳодисаҳои тадқиқшаванда, омӯхтани таҷрибаҳои оммавӣ барои муайян кардани майдони мазмун ва вазифаҳои он;
– амиқтар нишон додани фарзия, ҷудо кардани чизи фавқуллода, навин, мухолифатҳои он бо фикрҳои мавҷуда, ки буҳрони озмоиширо талаб мекунад;
– дақиқ тавсиф додани вазифаҳои озмун, муайян кардани аломатҳои ҳодисаҳои омӯхташаванда, мъёрҳои баҳо;
– дуруст муайян кардани адади объектҳои озмун.
Судмандии озмун ба давомдор гузаронидани он низ вобаста аст. Натиҷаи озмоиши педагогӣ дар асоси муқоиса бо объекти муқаррарӣ ва таҳлили таҷрибаҳои собиқи тадқиқотҳо ҷамъбаст карда мешавад.
Озмоиши педагогӣ дар синф, мактабу хонандаи алоҳида ва ё дар миқёси умум гузаронида мешавад. Озмоиши педагогӣ намудҳои зиёд дорад:
Озмоиши табиӣ ҳодисаҳои таълимӣ ва таҷрибавиро дар шароити муқаррарӣ-табиӣ тадқиқ мекунад. Чунончи, омӯзгор дар назди худ мақсад мегузорад, ки дар рафти дарсҳо ба хонандагони сустхон ба тариқи такони руҳи таъсир расонад. Дар машғулиятҳои муқаррарӣ ба рафти дарс халал нарасонда ба назди сустхонҳо омада ҳимояте бинмуда онҳоро руҳбаланд мекунад: «Бале, хеле дуруст фикр кардӣ», «Офарин, фикрат ба ҷо». Чунин рӯҳафзоир борҳо тарор намуда натиҷаи таъсирисуханро ба фаъолияти пешинаашон муқоиса мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё